18 марти соли 2026 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти Вазорат ва кормандони дастгоҳи марказӣ иштирок намуданд.
Дар оғози чорабинӣ вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ ҳозиринро ба муносибати фарорасии ҷашни байналмилалии Наврӯзи ҷаҳонафрӯз самимона табрику таҳният намуда, қайд кард, ки бузургдошти оини Наврӯз бо шарофати сиёсати сулҳовару фарҳангпарвари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари кишварамон вусъати тоза пайдо карда, ҷашни он аз сатҳи баланди умумидавлатӣ ба миқёси байналмилалӣ доман фарох намуда, таърихи беш аз 6000 солаи қадимаи миллати тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ ва исбот кард.
Тазаккур бояд дод, ки арзишҳо ва оинҳои неки наврӯзӣ, аз ҷумла покиву озодагӣ, арҷгузорӣ ба табиат, меҳнатдӯстӣ, некиву накукорӣ, сарфаю сариштакорӣ, инчунин ободкориву зебоипарастӣ, ҷомеаро ба сӯи зиндагии шоиста, таҳкими худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои волои ниёгон раҳнамун месозад.
Дар доираи чорабинӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда шуда, намунаҳои гуногуни хӯрокҳои миллӣ, аз ҷумла «ҳафт син», «ҳафт шин» ва дигар суннатҳои хоси наврӯзӣ ба маъраз гузошта шуданд, ки фазои идонаи вазоратро боз ҳам хотирмон гардонид.