29 декабри соли 2025 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Семён Вячеславович Григорев баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот аҳамияти муносибатҳои дуҷониба миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, инчунин тамоюли мусбати рушди онҳо, ки дар заминаи муколамаи мунтазами сиёсию иқтисодӣ ва ҳамкории сатҳи олӣ таъмин мегардад, қайд карда шуда, ҷонибҳо омодагии худро барои густариши ҳамкориҳо иброз доштанд.