18 декабри соли 2025 ҷаласаи 14-уми Шӯро оид ба ҳамкории байниминтақавӣ ва наздимарзии давлатҳои иштирокдори ИДМ дар шакли маҷозӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Насриддинзода Р. Х. суханронӣ намуда, қайд кард, ки фазои ИДМ яке аз самтҳои калидии сиёсати хориҷии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ҳамкории байниминтақавӣ ва наздимарзӣ нақши муҳимро дар пурмазмун гардонидани тавофуқоти байнидавлатӣ мебозад. Зикр гардид, ки гардиши савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои ИДМ дар 10 моҳи соли 2025 ба 3,7 млрд. доллар расидааст.
Таваҷҷуҳи асосӣ ҳамчунин ба масъалаҳои рушди ҳамкории саноатӣ ва истеҳсолӣ, ташаккули роҳҳои устувори кооператсионӣ, инчунин васеъгардонӣ ва навсозии долонҳои нақлиётӣ равона гардид, ки ба баланд бардоштани иқтидори транзитии минтақа, коҳиш додани хароҷоти логистикӣ ва таъмини ҳаракати бемонеаи молҳо байни давлатҳои иштирокчии ИДМ нигаронида шудаанд.
Ҷониби Тоҷикистон омодагии худро ҷиҳати таҳкими минбаъдаи ҳамкории байниминтақавӣ, густариши савдои мутақобила ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар доираи ИДМ изҳор намуд.