3 декабри соли 2025 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ бо Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон Алиризо Ҳақиқиён баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ тарафҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла ҷалби сармоягузорӣ, рушди энергетика ва саноат, инфрасохтори нақлиётӣ ва логистикӣ, соддаргардонии низоми рафтуомад, афзоиши парвозҳои мустақим, тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаи кишоварзӣ, инчунин тақвияти амнияти озуқаворӣ табодули назар намуданд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ва Эрон барои рушду таҳкими робитаҳои иқтисодӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва баланд бардоштани иқтидори савдо миёни ду кишвар омодагии комил доранд.