Санаи 28 ноябри соли 2025 ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2025, №218 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026» баргузор гардида, дар он омодагии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба зимистонгузаронӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар ҷаласаи мазкур намояндагони вазорату идораҳои соҳавӣ - аъзои Ситоди ҷумҳуриявӣ ва раисони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои он иштирок намудаанд.
Бо мақсади омӯзиши ҳолати воқеии рафти иҷрои қарори мазкур тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гурӯҳи корӣ аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдори соҳавӣ таъсис дода шуда, ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафари корӣ анҷом дода, аз рафти иҷрои қарори болозикр ва омодагии соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026, аз ҷумла дар муассисаҳои соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, нақлиёт, корхонаҳои саноатӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, раёсати молия, ҷамъияти матлубот, шабакаҳои барқӣ ва ғайра мавриди омӯзиш қарор дода, гузориши дахлдор ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод намуд.
Дар рафти ҷаласа аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳо ҳисоботҳо манзур гардида, дар ҷараёни ҷаласа оид ба камбудиву мушкилиҳои ҷойдошта дар ҳар як шаҳру ноҳияҳои вилоят вобаста ба маблағгузорӣ барои харид ва захиранамоии маводи сӯхт, захираи маводи озуқаворӣ ва зиддилағжиш, омодагии иншоотҳои энергетикӣ ва дигар масъалаҳо ибрози назар карда шуд.
Дар ҷамъбасти ҷаласа ба вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон вобаста ба таъмини иҷрои нақшаи захираи маводи зарурӣ ва сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026 супоришҳои мушаххас дода шуданд.