30 сентябри соли 2025 вохӯрии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Насриддинзода Рухшона Ҳикматтулло бо муовини Вазири корҳои хориҷии Покистон Саид Алӣ Асад Гиланӣ баргузор гардид.
Дар оғози вохӯрӣ Насриддинзода А. Н. изҳор дошт, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Покистон пайваста рушд намуда, ба сатҳи сифатан нав баромадаанд.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои рушди тиҷорату сармоягузорӣ, афзоиши гардиши мол, ҷалби сармояи бахши хусусӣ ва ворид намудани технологияҳои навро мавриди баррасӣ қарор дода, ба зарурати истифодаи имкониятҳои истифоданашуда дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, энергияи барқароршаванда, сайёҳӣ, нақлиёт ва логистикаро таъкид карданд.
Қайд гардид, ки Тоҷикистон дорои иқтидорҳои бузург, аз ҷумла дар соҳаи гидроэнергетика ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мебошад, ки барои бозори бузурги Покистон манфиати муштарак эҷод мекунад.
Саид Алӣ Асад Гиланӣ омодагии худро ҷиҳати мусоидат ба густариши робитаҳои байни соҳибкорони ду кишвар, ташкили чорабиниҳои муштарак ва ҷалби сармояи покистонӣ ба иқтисоди Тоҷикистон иброз дошт.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо изҳори итминон карданд, ки бо истифода аз заминаҳои ҳуқуқӣ ва имкониятҳои мавҷуда ҳамкориҳои Тоҷикистону Покистон дар соҳаҳои гуногун густариш ёфта, ба таҳкими равобити дӯстона ва рушди иқтисоди минтақа мусоидат хоҳад кард.