22 июли соли 2025 дар шаҳри Душанбе нахустин Форуми байналмилалии иқтисодии Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки дар кори он Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Нуриддинзода Аҳлиддин Нуриддин иштирок намуд.
Форум бо ташаббуси Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Шӯрои тиҷоратии Тоҷикистону Россия баргузор гардида, ба тавсеаи ҳамкориҳои минтақавӣ, таҳкими ҳампайвандии иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузории хориҷӣ равона гардида буд. Дар ҷараёни он намояндагони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, доираҳои соҳибкорӣ ва коршиносони соҳа ширкат варзиданд.
Нуриддинзода А. Н. дар кушодашавии Форум қайд намуд, ки таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон сиёсати иқтисодии минтақавии худро дар заминаи ҳамгироии устувор ва шарикии баробар бо кишварҳои Осиёи Марказӣ амалӣ месозад. Таъкид гардид, ки дар шароити кунунӣ масъалаҳои муҳими ҳамоҳангсозии минтақавӣ байни давлатҳои Осиёи Марказӣ пурра ҳалли худро ёфта, тамаркуз ба рушди сабз, рақамикунонӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ гузаштааст.
Дар идомаи Форум Нуриддинзода А. Н. дар сессия бахшида ба масъалаҳои Минтақаҳои озоди иқтисодӣ, паркҳои саноатӣ ва рақамӣ суханронӣ намуда, масъалаҳои рушди кластерҳои саноатӣ, густариши паркҳои технологии рақамӣ ва истифодаи имкониятҳои платформаҳои рақамӣ барои ҳамгироии истеҳсолиро мавриди муҳокима қарор дод.
Дар сессияи бахшидашуда ба масъалаҳои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва ташаккули абзорҳои амалии ҳамгироии минтақавӣ, Нуриддинзода А. Н. мавқеи кишварро оид ба зарурати мутобиқсозии форматҳо ва воситаҳои ҳамкорӣ ба шароити нави иқтисодии байниминтақавӣ ва талаботи рушди устувор баён намуд. Қайд гардид, ки Тоҷикистон ҷонибдори густариши ҳамкорӣ бо сохторҳои байналмилалии рушди иқтисодӣ ва тиҷорат буда, дар ин самт омодааст таҷриба ва ташаббусҳои худро дар самти ҳамгироии минтақавӣ ба таври фаъол муаррифӣ намояд.
Дар идомаи Форум як қатор сессияҳои дигар баргузор гардиданд, ки ба таҳкими ҳамкорӣ миёни кишварҳои минтақа тавассути рақамикунонӣ, рушди кластерҳо, ҷалби бонувон ба иқтисод ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ равона гардида буданд.
Дар ҳошияи кори Форум, бо мақсади таҳкими ҳамкории амалӣ миёни минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва ниҳодҳои соҳибкорӣ, панҷ ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид. Ин санадҳо ҳамкории Маъмурияти минтақаҳои озоди иқтисодии “Кӯлоб” ва “Суғд”-ро бо Шӯрои соҳибкорони Русияву Тоҷикистон, инчунин робитаҳои нави минтақаҳои озоди иқтисодии “Кӯлоб”, “Данғара” ва “Панҷ”-ро бо минтақаи озоди иқтисодии “Навоӣ” (Ҷумҳурии Узбекистон) дар бар мегиранд. Имзои ин ёддоштҳо ба тавсеаи иқтидорҳои кооператсионӣ ва татбиқи ташаббусҳои муштараки иқтисодӣ мусоидат менамояд.
Ҳамин тариқ, натиҷаи Форум собит намуд, ки равандҳои иқтисодии Осиёи Марказӣ ба сӯи ҳамгироии бештар, рақамикунонӣ ва рушди сабз равона шудаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин замина нақши хосро иҷро намуда, ташаббусҳои амаливу воқеъбинонаи худро барои таҳкими робитаҳои минтақавӣ ва рушди устувор манзур намуд.