Дар асоси супориши дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастури роҳбарияти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иштирок дар ҷаласаи ҷамъбасти шашмоҳаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Панҷ, гурӯҳи корӣ бо роҳбарии Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Насриддинзода Рухшона Ҳикматулло ба ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон сафар намуд.
Ҷаласаи ҷамъбастӣ санаи 15-уми июл барпо гардида, дар он намояндагони сохторҳои дахлдори ноҳия, фаъолони ҷомеа ва кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлтии ноҳияи Панҷ иштирок доштанд.
Ҷаласаро раиси ноҳияи Панҷ Иброҳимиён Акмал Комилзода ифтитоҳ намуда, пас аз муаррифии меҳмонон оид ба рушди соҳаҳои гуногуни ноҳия дар шаш моҳи соли ҷорӣ маълумотнома пешниҳод намуд.
Раиси ноҳия дар суханронии худ қайд намуд, ки дар шаш моҳи соли равон, дар маҷмӯъ рушди ноҳия хуб арзёбӣ гардида, аз рӯи нишондиҳандаҳои оморӣ ҳачми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 102,4 фоиз, ҳаҷми умии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 113,2 фоиз, хизматрасониҳои пулакӣ дар ҳамаи соҳаҳо 102, 9 фоиз нисбат ба ҳамин давраи соли гузаштаро ташкил медиҳанд.
Дар навбати худ муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Насриддинзода Рухшона Ҳикматулло суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки дар баробари дастовардҳо, ҳамзамон корҳо бояд дар самтҳои саривақт ва сиффатнок сохта ба истифода додани иншооти ҷашни 35 солагии Истиқлоли давлатӣ, махсусан дар соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, самаранок истифода бурдани заминҳои корам ва аз онҳо рӯёнидани 3-4 ҳосил, кишт ва истеҳсоли пахта бештар ба роҳ монда шаванд.
Ҳамзамон, аз ҷониби муовини Вазир қайд карда шуд, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба равнақ додани корҳои ободонию бунёдкорӣ, тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист, дастгирии қишри осебпазири ҷомеа, аз ҷумла ятимону ниёзмандон, риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти танзими ҷашну маросимҳо, инчунин пешгирӣ аз пайравии ҷавонон ба гурӯҳҳои номатлуб, фаъолияти сохторҳои дахлдор дар ноҳия ҷоннок карда шавад.
Ҳамзамон, дар ҷаласаи мазкур вобаста ба масъалаҳои матраҳгардида намояндаи сохтори дахлдори вилояти Хатлон ва кормандони сохторҳои ноҳия суханронӣ ва изҳори ақида карданд.