Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкорони ватандӯсти шаҳри Исфара ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 6 адад электромобил туҳфа карда шуд.
Маросими супоридани нақлиёти хизматӣ бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода баргузор гардид.
Таъкид гардид, ки чунин иқдомҳои соҳибкорони ватандӯст ва саҳмгузорӣ дар рушди маҳал, фароҳам овардани шароити мусоиди хизматрасонӣ аҳамияти муҳим доранд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба соҳибкороне, ки дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ чунин иқдоми шоистаро амалӣ намуданд, изҳори сипос намуда, саҳми онҳоро дар рушди шаҳри Исфара ва дастгирии ташаббусҳои созанда назаррас арзёбӣ кард.
Тақдими электромобилҳо ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара боз як намунаи олии саҳмгузории соҳибкорон дар пешрафту ободии як гӯшаи Ватан ба ҳисоб меравад.