Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ бо ҷараёни корҳои сохтмонии коргоҳи истеҳсоли равған дар шаҳраки Бӯстон шинос шуд.
Коргоҳи мазкур дар доираи иқдомҳои созанда ба роҳ монда шуда, ба рушди истеҳсолоти ватанӣ, афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ равона гардидааст. Коргоҳ барои коркарди чигити пахта ва истеҳсоли равған пешбинӣ шуда, пас аз ба истифода додан иқтидори коркарди то 60 тонна чигитро дар як шабонарӯз хоҳад дошт.
Сипас, Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода аз хоҷагии деҳқонии «Бешариқ»-и шаҳраки Бӯстон боздид намуда, бо вазъи нашъунамои пахта шинос гардид.
Бино ба иттилои масъулин соли равон дар ноҳияи Мастчоҳ дар майдони 10 ҳазору 391 гектар пахта кишт карда шудааст. Айни ҳол дар аксари майдонҳо нашъунамои ниҳолҳо хуб арзёбӣ гардида, корҳои нигоҳубин ва агротехникӣ идома доранд.
Таъкид гардид, ки дар марҳилаи кунунӣ нигоҳубини босифати пахта, мубориза бар зидди ҳашароти зараррасон, обёрии саривақтӣ ва иҷрои пурраи тадбирҳои агротехникӣ барои ба даст овардани ҳосили фаровон аҳамияти муҳим дорад.
Раиси вилоят ба масъулини соҳа ва кишоварзон тавсия дод, ки бо истифодаи самараноки ҳар як ваҷаб замин, риояи қоидаҳои агротехникӣ ва нигоҳубини дурусти киштзор барои баланд бардоштани ҳосилнокӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.
Дар идома Раиси вилоят дар хоҷагии деҳқонии «Резгиф»-и Ҷамоати деҳоти Оббурдон бо рафти кишти такрорӣ ва нашъунамои чормағзи заминӣ шинос шуд.
Истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ, бахусус дар мавсими кишти такрорӣ, яке аз роҳҳои муҳими зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва баланд бардоштани даромаднокии хоҷагиҳо ба ҳисоб меравад.
Парвариши чормағзи заминӣ ҳамчун зироати сердаромад имконият медиҳад, ки заминҳои кишоварзӣ самаранок истифода гардида, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва даромади хоҷагиҳои деҳқонӣ афзоиш дода шавад.
Раҷаб Аҳмадзода зимни сӯҳбат бо кишоварзон таъкид кард, ки ҳар порча замин пурсамар истифода бурда шавад.