МУЖДАИ ИФТИХОРӢ
Боиси ифтихор ва сарфарозии беинтиҳои кормандони Агентии Тоҷикстандарт аст, ки имрӯз аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази ташхисии минтақавии Тоҷикстандарт дар ноҳияи Данғара ифтитоҳ карда шуд.
Дар арафаи таҷлили ҷашни 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Пешвои муаззами миллат ба фаъолият оғоз бахшидани бинои мазкур ҳадяи гаронарзишест, ки дар таърихи фаъолияти Тоҷикстандарт бо хатҳои заррин сабт хоҳад гашт.