САҲМИ КОРМАНДОН ДАР ОБОДОНИИ МУҲИТИ КОРӢ
Бо мақсади тозаю озода нигоҳ доштани муҳити корӣ, ободонии гирду атрофи муассиса ва саҳм гузоштан дар корҳои созандагиву ободонӣ кормандони Раёсати баҳодиҳии мутобиқати Агентии Тоҷикстандарт шанбегӣ баргузор намуданд.
Дар рафти шанбегӣ кормандон дар корҳои тоза намудани гирду атрофи бино, ҷамъоварии партовҳо, нарм намудани қитъаҳои замин ва ба тартиб даровардани муҳити атроф фаъолона иштирок карданд.
Гузаронидани чунин корҳои ободонӣ ба баланд бардоштани фарҳанги меҳнатӣ, тозагии муҳити корӣ ва ташаккули ҳисси масъулиятшиносии кормандон мусоидат менамояд.
Шанбегиҳои дастаҷамъона дар Агентии Тоҷикстандарт минбаъд низ идома дода мешаванд.