ДАСТОВАРДҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ СИФАТ:
ДУ КОРХОНАИ ВАТАНӢ СОҲИБИ ҶОИЗАИ ИТТИҲОДИ ДАВЛАТҲОИ МУСТАҚИЛ ГАРДИДАНД
Бо ташаббус ва ҳамоҳангсозии Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо ду корхонаи ватанӣ - Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Шоҳасар», истеҳсолкунандаи маҳсулоти қаннодӣ ва Меҳмонхонаи «Румӣ» барои иштирок дар Озмуни Ҷоизаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои дастовардҳо дар соҳаи сифати маҳсулот ва хизматрасонӣ пешниҳод гардида буданд.
Ёдовар мешавем, ки 3 апрели соли 2026 дар ҷаласаи Шӯрои иқтисодии давлатҳои аъзои ИДМ, ки дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия баргузор гардид, тибқи қарори ҳайати ҳакамон ҳар ду корхона барои дастовардҳои назаррас дар самти таъмини сифати маҳсулот ва хизматрасонӣ сазовори ҷоизаи олӣ дониста шуданд.
Дар ҷараёни ҷаласаи 69-уми Шӯрои байнидавлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва аккредитатсияи давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки аз 8 то 12 июли соли 2026 дар вилояти Иссиқкӯли Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардида истодааст, ғолибон бо диплом ва рамзи Ҷоизаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил сарфароз гардонида шуданд.
Ин дастоварди арзишманд нишон медиҳад, ки корхонаҳои истеҳсолӣ ва хизматрасонии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз тавонистаанд низомҳои муосири идоракунии сифатро татбиқ намуда, фаъолияти худро мутобиқ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ ба роҳ монанд.
Ғолиб дониста шудани ҶДММ «Шоҳасар» ва Меҳмонхонаи «Румӣ» дар озмуни бонуфузи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил боз як далели равшани он мебошад, ки маҳсулот ва хизматрасонии истеҳсолкунандагони ватанӣ ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ буда, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи баланд бардоштани сифати маҳсулот, рушди истеҳсолоти рақобатпазир ва таҳкими мавқеи худ дар бозорҳои минтақавию байналмилалӣ қадамҳои устувор мегузорад.