ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ ҶАШНИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
ДАР АГЕНТИИ ТОҶИКСТАНДАРТ
Имрӯз, дар Агентии Тоҷикстандарт бахшида ба 29-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ чорабинии бошукӯҳи тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он директори Агентӣ муҳтарам Раҳмон Исломиддин Хайриддин, муовинони директор, сардорони раёсату шуъбаҳо ва кормандони дастгоҳи марказӣ фаъолона иштирок намуданд.
Нахуст директори Агентии Тоҷикстандарт муҳтарам Раҳмон Исломиддин Хайриддин ҳамоишро ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба муносибати ҷашни Ваҳдати миллӣ самимона табрику таҳният гуфтанд. Зимни суханронии худ таъкид намуданд, ки Ваҳдати миллӣ барои мардуми Тоҷикистон танҳо як санаи таърихӣ нест, балки рамзи сарҷамъӣ, худшиносӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ дар назди давлату миллат мебошад.
Қайд гардид, ки маҳз ба шарофати сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист пас аз солҳои вазнини муқовиматҳои дохилӣ ба марҳилаи нави рушду тараққиёт ворид гардида, дар самтҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил шавад. Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳпарвар ва ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои муҳими глобалӣ, аз ҷумла, обу иқлим, дар арсаи байналмилалӣ мақоми арзанда касб намудааст.
Директори Агентӣ махсусан таъкид намуданд, ки дар таърихи навини давлатдории тоҷикон нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарор намудани сулҳу субот ва таҳкими ваҳдати миллӣ ниҳоят бузург ва тақдирсоз мебошад. Маҳз бо азму иродаи қавӣ, хиради сиёсӣ ва муҳаббати самимии Пешвои муаззами миллат ба халқу Ватан тавонист музокироти сулҳ ба натиҷаи дилхоҳ расида, кишвари азизамон аз хатари парокандагӣ ва нобудшавии давлатдорӣ эмин нигоҳ дошта шавад.
Дар идомаи чорабинӣ як қатор кормандони собиқадори Агентӣ, ки шоҳиди бевоситаи воқеаҳои солҳои душвори ҷанги шаҳрвандӣ буданд, андешаҳои худро иброз намуданд. Онҳо аз рӯзҳои пурошӯбу пуртаҳлукаи солҳои навадум ёдовар шуда, таъкид карданд, ки сулҳу ваҳдати миллӣ барои мардуми Тоҷикистон бо қимати хеле гарон ба даст омадааст. Ба гуфтаи онҳо, ҳар як шаҳрванди кишварро зарур аст, ки ин неъмати бебаҳоро чун гавҳараки чашм ҳифз намуда, барои таҳкими минбаъдаи он саҳми арзандаи худро гузорад. Зикр гардид, ки кӯшишу талошҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ, ба як миз овардани ҷонибҳои мухолиф, барқарор намудани сохти конститутсионӣ, таъмини амнияти миллӣ ва фароҳам овардани замина барои рушди давлат аз ҷумлаи муҳимтарин хизматҳои таърихии Роҳбарияти олии кишвар ба шумор мераванд.
Дар ҷараёни чорабинӣ, инчунин, роҷеъ ба нақши ҷавонон дар ҳифзу таҳкими ваҳдати миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, эҳтиром ба таъриху фарҳанги миллат ва муқовимат ба ҳама гуна таҳдиду хатарҳои муосир таъкидҳо карда шуд. Қайд гардид, ки ҷавонон ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа бояд рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои давлатдориро дар фаъолияти ҳамарӯзаи худ роҳнамо қарор диҳанд. Дар фарҷоми чорабинӣ таъкид гардид, ки Ваҳдати миллӣ бузургтарин дастоварди таърихии даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон буда, ҳифз ва таҳкими он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди ватандӯст мебошад. Зеро танҳо дар фазои оромиву субот, ҳамдигарфаҳмӣ ва иттиҳоду ҳамбастагӣ метавон рушди устувор ва пешрафти минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлолро таъмин намуд.