ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА СУЛҲОФАРӢ - ЗАМИНАҲОИ ТАЪРИХИИ РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МУОСИР
Раҳмон Исломиддин Хайриддин,
Директори Агентии Тоҷикстандарт
Мафҳумҳои «ваҳдат» ва «ҳамдилӣ» ҷавҳари ҳастии ҳар як ҷомеаи мутамаддинро ташкил медиҳанд. Ин ду падида чун ду боли як сипар буда, устувории умумимиллиро таъмин месозанд.
Дар заминаи давлатдории муосир, ин мафҳумҳо аз доираи калимаҳои оддӣ баромада, ба як сиёсати ҳаётан муҳим ва созанда табдил ёфтаанд. Ваҳдат ва ҳамдилӣ нишон медиҳанд, ки фарҳангҳо, ақидаҳо ва минтақаҳои гуногун метавонанд дар маркази як идеяи муқаддас - ободии Ватан ва амнияти насли оянда муттаҳид шаванд. Маҳз ҳамин ҳамбастагии маънавӣ ва ҷамъиятӣ ҳамчун таҳкурсии устувор имкон медиҳад, ки ҷомеа бар монеаҳои иқтисодию геополитикии асри нав пирӯз гашта, роҳи худро ба сӯйи пешрафт бо боварӣ пеш гирад.
Аз ба даст овардани сулҳ ва ваҳдати миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб се даҳсола сипарӣ мешавад. Дар ин муддат таърихи нави кишвар исбот намуд, ки ваҳдат на танҳо як мафҳуми сиёсӣ, балки кафолати ягонаи ҳифзи миллати тоҷик ва соҳибихтиёрии давлат мебошад. Вақте ки дар бораи ин муъҷизаи таърихӣ ва дипломатияи беназири сулҳхоҳона сухан меронем, пеш аз ҳама, симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назар ҷилвагар мешавад. Нақши таърихии ин шахсияти барҷаста, дар наҷоти давлат аз вартаи нестӣ бузург ва тақдирсоз аст.
Барои дуруст дарк кардани хизматҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лозим аст ба тирамоҳи соли 1992, ба рӯзҳои баргузории Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд назар андозем. Дар шароите, ки фалаҷ шудани ҳокимияти давлатӣ ба авҷи аъло расида, ҷанги шаҳрвандӣ аллакай ҷони ҳазорон нафарро рабуда буд ва садҳо ҳазор шаҳрвандон гуреза шуда буданд, роҳбарии давлатро ба зимма гирифтан ҷасорати бузурги сиёсиву ватандӯстиро талаб мекард.
Музокироти тулонии сулҳи байни тоҷикон зиёда аз се сол идома ёфт. Дар ин давра, бо ташаббус ва талошҳои бевоситаи Роҳбари давлат якчанд даври музокирот ва чандин мулоқотҳо доир шуданд. Сарвари давлат барои ба даст овардани сулҳ ба минтақаҳои хатарнок, аз ҷумла, ба Афғонистони ҷангзада сафар карда, бо мухолифин сари мизи гуфтушунид нишастанд. Ин талошҳо дар ниҳоят рӯзи 27 июни соли 1997 бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар шаҳри Маскав ба анҷом расиданд, ки ин рӯйдод ибтидои эҳёи Тоҷикистони муосир шуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хуб дарк мекарданд, ки сулҳи сиёсиро бояд бо дастовардҳои иқтисодӣ ва беҳтар кардани сатҳи зиндагии мардум устувор намуд.
Ҳамзамон, имрӯз, ду ҳадафи асосии стратегии кишвар - раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини истиқлоли энергетикӣ - маҳз дар заминаи мустаҳкам намудани ваҳдати миллӣ, ба шарофати сулҳу суботи сиёсии устуворкардаи Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шуда истодаанд.
Сохтмони НБО Роғун бо баландтарин сарбанди хокию сангии ҷаҳон (335 метр) маҳсули иродаи қавии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Хушбахтона зери партави ваҳдати миллӣ имрӯз дар ин майдони сохтмон беш аз 18 300 нафар коргарону мутахассисон аз тамоми гӯшаву канори кишвар аҳлона меҳнат мекунанд. Танҳо дар соли 2025 неругоҳ зиёда аз 1,6 миллиард кВт/соат барқи тоза истеҳсол намуд, ки ин исботи пешрафти босуръати соҳа аст.
Тоҷикистони замони ҷанг ба чанд қисмат ҷудо буд ва рафтан аз як минтақа ба минтақаи дигар вақти зиёдеро мегирифт. Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақбҳои «Истиқлол», «Шаҳристон», «Озодӣ» ва «Хатлон» сохта шуданд. Танҳо дар давоми соли 2025 дар кишвар 236 километр роҳҳои автомобилгард бо арзиши 5,4 миллиард сомонӣ сохта ба истифода дода шуданд. Дар соли 2026 бошад, таҷдиди боз 300 километр роҳҳои аҳамияти байналмилалидошта оғоз гардид. Бо ин амал Тоҷикистон ба як қаламрави ягона ва чорроҳаи транзитии минтақавӣ табдил ёфт, ки пояҳои ваҳдати миллиро мустаҳкам менамояд.
Хизмати дигари бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он аст, ки бо талошҳои зиёде тавонистанд модели сулҳи Тоҷикистонро ба як мактаби эътирофшудаи байналмилалӣ табдил диҳад. Созмони Милали Муттаҳид (СММ) таҷрибаи сулҳофарии тоҷиконро ҳамчун яке аз намунаҳои нодир ва муваффақи дипломатияи ҷаҳонӣ арзёбӣ намуд. Ин таҷриба нишон дод, ки ҳатто амиқтарин зиддиятҳои дохилиро метавон тавассути муколама, гузаштҳои дуҷониба ва дар мадди аввал донистани манфиатҳои миллӣ ҳал кард.
Илова бар ин, ташаббусҳои глобалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об ва иқлим, аз ҷумла, эълон шудани солҳои 2018-2028 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» ва соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», обрӯи Тоҷикистонро дар сатҳи ҷаҳонӣ баланд бардоштанд. Ҳамаи ин дастовардҳо танҳо ба шарофати он сиёсати сулҳҷӯёнае муяссар шуданд, ки таҳкурсиаш дар солҳои 90-ум гузошта шуда буд.
Дар шароити мураккаби геополитикии имрӯза, ки ҷаҳон бо таҳдидҳои нави киберӣ, экстремизм, терроризми байналмилалӣ ва бархӯрди қудратҳои бузург рӯбарӯ аст, мазмуни Ваҳдати миллӣ аҳамияти боз ҳам бештар пайдо мекунад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ ҳамеша таъкид менамоянд, ки сулҳу ваҳдат неъмати доимӣ нестанд, балки онҳоро бояд ҳар рӯз ҳифз кард ва устувор нигоҳ дошт.
Имрӯз вазифаи асосии ҷомеа, махсусан насли ҷавон, тақвияти ҳувияти миллӣ, муқовимат ба идеологияҳои бегона ва саҳм гузоштан дар рушди иқтисоди рақамиву сохтмонҳои бузурги кишвар мебошад. Тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи эҳтиром ба таърихи сулҳофарии Сарвари давлат кафолати он аст, ки Тоҷикистон дар оянда низ орому устувор ва соҳибихтиёр хоҳад монд ва ҳифзи ин неъмати бузург, яъне Ваҳдати миллӣ, вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди содиқи ин Ватан аст.