Изҳори ҳамдардии
директори Агентии Тоҷикстандарт
Раҳмон Исломиддин Хайриддин
бинобар марги фоҷиавии Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот
Роҳбарият ва ҳайати кормандони Агентии Тоҷикстандарт хабари даргузашти фоҷиабор ва ногаҳонии Раиси вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майор муҳтарам Алишер Мирзонабот ва наздикону пайвандони онҳоро, ки бар асари фалокати нақлиётӣ ба ҳалокат расиданд, бо андӯҳи ниҳоят сангин пазируфт.
Муҳтарам Алишер Мирзонабот ҳамчун арбоби содиқи давлатӣ ва низомии соҳибтаҷриба, ҳаёти худро ба хизмати содиқона ба Ватан, рушду ободии вилоят ва ҳифзи амнияту манфиатҳои миллӣ бахшида буданд.
Марги фоҷиавии онҳо барои ҳамаи мо як мусибати гарон ва талафоти бузург аст.
Раҳбарияти Агентии Тоҷикстандарт ва тамоми кормандон ба наздикону пайвандони марҳумон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ҳамаи сокинони Бадахшон ҳамдардии амиқу таъзияи самимии худро изҳор менамояд.
Хотираи неки Алишер Мирзонабот ва ҳамроҳони ӯ, хизматҳои арзанда ва саҳми шоистаашон дар рушду пешрафти кишвар ҳамеша дар саҳифаҳои таърих ва дар қалби мардум боқӣ хоҳад монд. Аз Худованди бузург барои онҳо раҳмату мағфират ва барои тамоми наздикон сабри ҷамил, матонат ва аҷру савоби нек хоҳонем.
Рӯҳашон шод ва манзили охираташон обод бод!