ТАБРИКОТИ
ДИРЕКТОРИ АГЕНТИИ ТОҶИКСТАНДАРТ МУҲТАРАМ РАҲМОН ИСЛОМИДДИН ХАЙРИДДИН БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ СТАНДАРТИЗАТСИЯ ВА МЕТРОЛОГИЯ
Ҳамкорони азиз,
собиқадорони соҳа!
Басо гуворо аст, ки дар натиҷаи меҳнати шоистаи кормандон имрӯз Агентии Тоҷикстандарт дар байни ҷомеа нуфузу мақоми хосаро пайдо намудааст ва ин омил то чӣ гуна муҳим будани соҳаро барои тамоми иқтисоди ҷумҳуриамон баён менамояд.
Бо истифода аз фурсат ҳамаи кормандону мутахассисон ва собиқадорони соҳаи стандартизатсия ва метрологияро бо иди касбӣ, ки ҳамасола санаи 25-уми май ҷашн гирифта мешавад, самимона табрику муборакбод мегӯям ва дар фаъолияти пурмасъулияти минбаъда, муваффақияту комёбиҳои навинро таманно дорам.
Ин ҷашн дар соли ҷорӣ аҳамияти дучанд ва таърихӣ дорад. Зеро мо дар остонаи як рӯйдоди бузурги миллӣ ва соҳавӣ - ҷашни 100-солагии таъсисёбии метрологияи тоҷик қарор дорем. Як асри пурра аз таърихи ин соҳаи ҳаётан муҳим гувоҳӣ медиҳад, ки стандартизатсия ва метрология пойдевори асосии рушди иқтисодӣ, саноатӣ, илмӣ ва иҷтимоии кишвари азизамон - Тоҷикистон ба шумор меравад.
Имрӯз, дар замони рушди босуръати технология ва ҷаҳонишавӣ, нақши стандартизатсия ва метрология дар таъмини амнияти иқтисодии кишвар, ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ дар бозори ҷаҳонӣ аз ҳарвақта бештар гардидааст. Сиёсати хирадмандона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти саноатикунонии босуръати кишвар ва рушди содирот, назди мо - кормандони соҳа вазифаҳои калидӣ ва ниҳоят муҳимро мегузорад.
Стандарт ин низоми созандагӣ ва назму тартиб аст. Метрология бошад - асоси дақиқӣ, сифат ва эътимод мебошад. Бе ченкунии дақиқ ва бе стандартҳои муосир ҳеҷ як соҳаи ҳаёти ҷомеа, аз соҳаҳои тиббу маориф, то сохтмон, энергетика ва саноати вазнин, наметавонад устувор ва бехатар рушд кунад. Меҳнати ҳаррӯзаи шумо, ки шояд дар нигоҳи аввал оддӣ намояд, дар асл кафолати саломатии миллат, бехатарии маҳсулоти истеъмолӣ ва рушди устувори иқтисодиёти давлат аст.
Вақте ки мо ба таърихи 100-солаи метрологияи тоҷик назар меафканем, бо ифтихор метавонем бигӯем, ки ин соҳа аз таҷҳизоти оддии ченкунии асри гузашта то ба озмоишгоҳҳои муосири рақамӣ ва сатҳи байналмилалии имрӯза роҳи бузургу пуршараферо тай намудааст. Ин дастовардҳо маҳсули заҳмати шабонарӯзӣ, дониш, маҳорат ва садоқати чандин наслҳои метрологҳо ва мутахассисони стандартизатсияи тоҷик мебошад. Мо ба собиқадорони соҳа, ки умри худро барои таъсис ва рушди ин соҳа сарф намудаанд, эҳтироми самимии худро изҳор мекунем ва мактаби таҷрибаи онҳоро ҳамеша сармашқи кори худ медонем.
Имрӯз ҷавонони мо, бо пайравӣ аз собиқадорон, технологияҳои навро аз худ мекунанд, қонунгузории соҳаро бо стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ месозанд ва барои дастрасии мардум ба маҳсулот ва хизматрасониҳои сифатнок содиқона хизмат менамоянд. Роҳбарият кӯшишҳои ҳар як кормандро қадр мекунад ва минбаъд низ барои беҳтар кардани шароити корӣ ва ворид намудани технологияҳои муосири ченкунию санҷиш тамоми имкониятҳоро сафарбар хоҳад намуд.
Боварӣ дорам, ки ҳар як корманди соҳа бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулияти касбӣ, минбаъд низ дар иҷрои вазифаҳои хизматии худ устувор буда, барои боло бурдани нуфузи соҳа саҳми арзанда мегузоред.
Бори дигар, ҳамаи кормандони соҳаро бо Рӯзи кормандони соҳаи стандартизатсия ва метрология табрику таҳният гуфта, ба хонадонатон тинҷиву осоиштагӣ, файзу баракат ва дар идомаи фаъолияти меҳнатӣ барори кор хоҳонам.
Бигзор дақиқият, сифат ва назму тартиб ҳамеша ҳамсафари ҳаёт ва фаъолияти шумо бошад!
Ҷашни касбӣ муборак бошад, дӯстони азиз!