РУШДИ САНОАТИ СОХТМОНӢ ТАВАССУТИ БЕТОНҲОИ НАВЪИ БАЛАНДСИФАТ
Дар шароити имрӯзаи рушди босуръати сохтмон, масъалаи баланд бардоштани сифати маҳсулоти сохтмонӣ аҳамияти аввалиндараҷа пайдо кардааст. Бетон, фибрабетон, сангу шағал ва дигар маҳсулоти сохтмонӣ пояи асосии устувории бино дониста мешавад. Аз сифати онҳо бехатарӣ ва устувории биноҳо ва роҳҳо вобастагии зич дорад. Аз ин рӯ, беҳтар намудани хусусиятҳои ин маҳсулот, яке аз самтҳои муҳими сиёсати техникию иқтисодии ҳар як кишвар мебошад.
Вобаста ба ин, санаи 23 апрели соли ҷорӣ дар Агентии Тоҷикстандарт бо иштироки соҳибкорон ва истеҳсолкунандагони молу маҳсулоти сохтмонӣ мизи мудаввар дар мавзӯи «Баланд бардоштани сифати бетон, фибрабетон ва маҳсулоти ғайримаъданӣ» баргузор карда шуд.
Дар ҷамъомад масъалаи сифати маҳсулот мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз ҷумла қайд гардид, ки бетон ҳамчун маводи асосии сохтмонӣ аз омехтаи семент, об, қум ва шағал таркиб ёфта, дорои хосиятҳои муҳими физикӣ ва механикӣ мебошад. Барои баланд бардоштани сифати бетон, пеш аз ҳама, интихоби дурусти ашёи хом аҳамияти калон дорад. Сементи босифат, қуми бе иловаҳои органикӣ ва шағали дорои андозаи мувофиқ метавонанд мустаҳкамӣ ва зичии бетонро афзоиш диҳанд. Илова бар ин, риояи дақиқи таносуби компонентҳо, омехтакунии дуруст ва нигоҳдории мувофиқ (пухтарасонӣ) ба даст овардани натиҷаи баландсифатро таъмин менамояд.
Яке аз роҳҳои муосири беҳтар кардани сифати бетон истифодаи иловаҳои химиявӣ мебошад. Ин иловаҳо, аз ҷумла, пластификаторҳо, суперпластификаторҳо ва иловаҳои минералӣ, метавонанд хусусиятҳои бетонро ба таври назаррас тағйир диҳанд. Онҳо коркарди омехтаро осон намуда, истеъмоли обро кам ва мустаҳкамиро зиёд мекунанд. Ҳамчунин, иловаҳои зиддисармозадагӣ ва обногузарӣ ба баланд бардоштани устувории бетон дар шароити иқлимии гуногун мусоидат менамоянд.
Ҳамчунин, дар идомаи семинар мутахассисони Агентӣ бо маърӯза ва рунамоиҳои худ баромад карда, роҷеъ ба масъалаи баррасишуда андешаронӣ карданд.
Дар идома вобаста ба аҳамияти фибрабетон, ки ҳамчун навъи пешрафтаи бетон имрӯз дар соҳаи сохтмон васеъ истифода мегардад, маълумот дода шуд. Қайд гардид, ки дар таркиби он нахҳои металлӣ, шишагӣ, полимерӣ ё базалтӣ истифода мешаванд, ки ҳамчун арматураи дохилӣ хизмат мекунанд. Ин нахҳо қобилияти бетонро ба кашиш ва шикаст афзоиш дода, эҳтимоли пайдоиши тарқишҳоро коҳиш медиҳанд. Фибрабетон махсусан барои сохтмони роҳҳо, фаршҳои саноатӣ, нақбҳо ва иншооти дорои сарбории зиёд мувофиқ мебошад. Бартарии асосии он дар дарозумрӣ ва устувории баланд нисбат ба бетонҳои оддӣ зоҳир мегардад.
Сангу шағал низ яке аз ҷузъҳои асосии бетон ва дигар маҳсулоти сохтмонӣ ба ҳисоб мераванд. Сифати онҳо ба таркиби минералогӣ, андозаи донаҳо ва тозагии онҳо вобаста аст. Сангу шағали дорои шакли муназзам ва бе иловаҳои зараровар ба мустаҳкамии умумии бетон таъсири мусбат мерасонанд. Аз ин рӯ, пеш аз истифодаи онҳо бояд санҷишҳои лабораторӣ гузаронида шаванд, то ки мутобиқати онҳо ба талаботи стандартӣ муайян гардад.Баланд бардоштани сифати бетон, фибрабетон, сангу шағал ва дигар маҳсулоти сохтмонӣ омили калидии таъмини бехатарӣ ва устувории иншоот мебошад. Бо истифода аз ашёи хоми босифат, татбиқи технологияҳои пешрафта ва назорати қатъии истеҳсол, метавон ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Ин раванд на танҳо ба беҳтар гардидани сифати сохтмон, балки ба рушди иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ низ мусоидат мекунад.
Фирдавси Абдураҳмон