РИОЯИ ТАЛАБОТИ ҲУҶҶАТҲОИ МЕЪЁРӢ - КАФИЛИ ТАЪМИНИ СИФАТИ МАҲСУЛОТ
Имрӯз дар Агентии Тоҷикстандарт бо иштироки васеи соҳибкорон ва истеҳсолкунандагони маҳсулоти нонию қаннодӣ дар мавзӯи «Талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ барои маҳсулоти ордӣ, қаннодӣ, булкагӣ дар раванди истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ” семинар - машварат баргузор карда шуд.
Дар кори он муовини директори Агентӣ Рустамзода Малоҳат иштирок ва суханронӣ намуд. Ӯ ҳамзамон иброз дошт, ки сиёсати дастгирии рушди соҳибкорӣ, афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти бо сифату бехатар ва воридотивазкунандаи ватанӣ ва бо ҳамин роҳ ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ, яке аз самтҳои муҳими тараққиёти минбаъдаи иқтисоди миллиамон мебошад. Чунончи, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд: «Таъмини рушду пешрафти фаъолияти соҳибкорӣ аз ҷумлаи самтҳои асосии фаъолияти давлат ва Ҳукумати кишвар ба шумор меравад».
Дар идома таъкид рафт, ки Ҳукумати мамлакат пайваста заминаи мусоид барои фаъолияти соҳибкорӣ фароҳам меорад. Муҳайё сохтани фазои мусоид барои фаъолияти онҳо бешубҳа барои бемайлон рушд кардани соҳибкорӣ дар кишвар ва воридотивазкунандаи молу маҳсулот мебошад. Дар баробари ин, ҳама ғамхорӣ ва имтиёзҳои пешбинигардида, соҳибкоронро зарур аст, ки фаъолияти самаранок дошта бошанд. Инчунин, молу маҳсулоте истеҳсол намоянд, ки ҷойгузини молу маҳсулоти воридшаванда бошанд. Барои ин мебояд молу маҳсулоти худро дар доираи стандарт ва регламентҳои техникие, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ кардааст истеҳсол кунанд.
Дар рафти семинар як қатор мутахассисони Агентии Тоҷикстандарт бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво ва муҳим баромад карданд. Онҳо дар рафти баромадҳои худ қайд карданд, ки омилҳои муҳими баланд бардоштани сифати маҳсулот хусусиятҳои таркибӣ низ дониста мешавад ва ҳатман ҳангоми истеҳсоли маҳсулоти нонию қаннодӣ риоя гардад.
Хусусан таъкид шуд, ки нон ва маҳсулоти нониро ба қуттиҳо ва сабадҳо набояд аз ҳад зиёд болои ҳам бор кард. Инчунин, гузоштани таҷҳизоти нон дар масофаи камтар аз 36 см аз фарши хонаҳои ёрирасон ва 60 см - дар толори савдо манъ карда мешавад. Нигоҳдории нон якҷоя бо молҳои бӯйи тез ва нофорамдошта иҷозат дода намешавад. Ҷевонҳо барои нигоҳдории нон ва маҳсулоти нониро ҳар рӯз дар давоми 1-2 соат шамол додан, на камтараз як бор дар давоми ҳафта бо оби гарм ва собун шустан, бо маҳлули кислотаи сирко тоза ва хушк кардан зарур аст.
Аз ҷониби мутахассисони Агентӣ махсус таъкид рафт, ки истифодаи саривақтии стандартҳо ва ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ, ҳангоми истеҳсоли маҳсулоти нонию қаннодӣ риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ яке аз омилҳои муҳими таъмини сифату бехатарӣ дар маҳсулот мебошад, ки ҳар як корхона дар ҳоли риояи ҳатмии он ба муваффақият ноил мегардад.
Дар фарҷоми семинар иштирокдорон саволҳо пешниҳод карданд, ки аз ҷониби мутахассисони Агентии Тоҷикстандарт ба онҳо ҷавобҳои мушаххас дода шуд.