Ҷаласаи мушовараи Агентии Тоҷикстандарт ва натиҷагирӣ
аз фаъолияти Агентӣ дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ
20-уми апрели соли ҷорӣ, дар бинои Агентии Тоҷикстандарт ҷаласаи мушовараи ҷамъбасти фаъолияти Агентӣ дар семоҳаи якуми соли 2026 баргузор гардид. Ҷаласа таҳти раёсати директори Агентӣ муҳтарам Раҳмон Исломиддин Хайриддин гузаронида шуда, дар кори он муовини якум, муовинони директор, сардорони раёсату шуъбаҳо, мудирони бахшҳо ва дигар шахсони масъули дастгоҳи марказии Агентӣ иштирок карданд.
Тибқи рӯзномаи ҷаласа фаъолияти Агентии стандартизатсия, метрология, сертифкатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли равон натиҷагирӣ шуда, инчунин, вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда муайян карда шуданд.
Дар раванди ҷаласа, аз ҷониби директори Агентии Тоҷикстандарт муҳтарам Раҳмон Исломиддин Хайриддин самтҳои фаъолияти раёсату шуъбаҳо ҷиҳати ҳимояи бозори истеъмолӣ, назорати давлатии воситаҳои ченак, корбурди озмоишгоҳҳои ташхиси маҳсулоти хӯрокворӣ ва сертификаткунонии молу маҳсулот, мусоидат ба содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар паҳлуҳои соҳа дар алоҳидагӣ мавриди таҳлил қарор гирифта, аз масъулини соҳа пурсида шуд.
Ҳамзамон, муовинони директор, сардорони раёсату шуъбаҳо уҳдадор шуданд, ки оид ба камбудиҳои ҷойдошта нақша-чорабиниҳо тартиб дода, ҷиҳати бартараф намудани онҳо дар фаъолияти минбаъда тадбирҳои амалӣ андешанд.