НАТИҶАГИРӢ
аз фаъолияти Раёсату марказҳои Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд дар семоҳаи якуми соли 2026
9-уми апрели соли 2026 дар бинои Раёсати Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд таҳти раёсати директори Агентии Тоҷикстандарт муҳтарам Раҳмон Исломиддин Хайриддин ҷаласаи мушовараи ҷамъбасти фаъолияти соҳа дар семоҳаи якуми соли 2026 баргузор гардид.
Дар ҷаласа масъулони дастгоҳи марказии Агентӣ, сардорони раёсату марказҳои вилоят ва мутахассисони соҳа иштирок карданд.Тибқи
рӯзномаи ҷаласа фаъолияти Раёсату марказҳои Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд (Раёсати вилоят дар шаҳри Хуҷанд, Марказҳои ташхисии минтақавии шаҳрҳои Исфара, Конибодом, Истаравшан ва Панҷакент) дар семоҳаи якуми соли 2026 натиҷагирӣ шуда, инчунин, вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда муайян карда шуданд. Дар раванди ҷаласа, аз ҷониби директори Агентии Тоҷикстандарт муҳтарам Раҳмон Исломиддин Хайриддин самтҳои фаъолияти раёсату марказҳои вилояти Суғд ҷиҳати ҳимояи бозори истеъмолӣ, назорати давлатии воситаҳои ченак, корбурди озмоишгоҳҳои ташхиси маҳсулоти хӯрокворӣ ва сертификаткунонии молу маҳсулот, мусоидат ба содироти маҳсулоти кишоварзӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳо ва шаҳодатномадиҳии кору хизматрасонӣ, таъмини озмоишгоҳҳо бо таҷҳизоти муосир ва дигар паҳлуҳои соҳа дар алоҳидагӣ мавриди таҳлил қарор гирифта, аз масъулини соҳа пурсида шуд. Инчунин, раёсатҳо, роҳбарони раёсату марказҳои вилоят вазифадор карда шуданд, ки оид ба камбудиҳои ҷойдошта нақша-чорабиниҳо тартиб дода, ҷиҳати бартараф намудани онҳо дар фаъолияти минбаъда тадбирҳои амалӣ андешанд. Бо дарназардошти такмили ихтисоси мутахассисон, ҳамзамон, таъкид карда шуд, ки роҳбарони раёсату марказҳои вилоят ба худомӯзии санаду ҳуҷҷатҳои меъёрӣ, қонунҳои амалкунанда ва дигар дастуру нишондодҳои соҳа, бахусус Регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиддӣ машғул шуда, бо ташкили дарсҳои омӯзишӣ савияи касбии мутахассисонро мунтазам баланд бардоранд.
Дар ҷаласа, ҳамзамон, вобаста ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, супоришу нақша- чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаву Стратегияҳои давлатӣ бо мақсади баланд бардоштани сифат ва рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ, дар ин замина дастгирии соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ, ҳифзи бозори истеъмолӣ аз воридоти молу маҳсулоти пастсифат, мусоидат ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии соҳибкорону истеъмолкунандагон, тақвият бахшидан ба рушди хизматрасониҳо, ба танзим даровардани фаъолияти бозору нуқтаҳои савдо, инчунин, риояи одоби хизмати давлатӣ, интизоми меҳнат, пешгирии амалҳои коррупсионӣ, гузаронидани чорабиниҳои гуногуни маърифатӣ ва илмию амалӣ ба хотири дар ҷавонон ташаккул додани тафаккури зарурӣ дар самти шинохти бештари манфиатҳои миллӣ ва ҳавасманд сохтани ҷавонони фаъол, ба тартиб даровардани коргузориҳо, татбиқи қонунҳои амалкунанда, дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли миллӣ, амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ ва дигар дастуру санадҳои меъёрии соҳа, супоришҳои мушаххас дода шуд.