ЭҲДОИ ФАРАҲУ НИШОТ БА БОНУВОНИ ТОҶИКСТАНДАРТ
Дар Маркази ташхиси минтақавии Тоҷикстандарт дар шаҳри Панҷакент ба муносибати ҷашни фархундаи Рӯзи Модар, ки башорати оғози баҳори сабзу гулрез аст, ҷамъомади пурфараҳи идона баргузор шуд.
Сардори Марказ Ҳабибзода Умедҷон нахуст ба таваҷҷуҳи ҳозирин Паёми шодбошии директори Агентии Тоҷикстандарт муҳтарам Раҳмон Исломиддин Хайриддинро ба муносибати Рӯзи Модар ироа кард.
Ҳамзамон, ӯ зимни суханронӣ аз номи маъмурияти Марказ ба фаъолияти бонувон дар тарғибу амализозии қонунҳои соҳаи стандартҳои давлатӣ, иштирок дар корҳои ҷамъиятӣ, тарбияи фарзандон баҳои сазовор дода, онҳоро бо зеботарин ҷашнвораи оғози фасли шукуфтанҳо - Рӯзи Модар самимона муборакбод намуд.
Дар фазои фараҳу шодмонӣ ба бонувон матни Меҳрномаи идона ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Аз эҳтирому арҷгузорӣ ва эҳдои нишоту шодмонӣ бонувони Марказ сарфарозу сипосгузор шуданд.