ТОҶИКСТАНДАРТ ОГОҲ МЕКУНАД!
БА ТАВАҶҶУҲИ РОНАНДАГОН ВА СОҲИБОНИ
ВОСИТАҲОИ НАҚЛИЁТ
ИСТИФОДАБАРАНДАГОНИ ГИРОМӢ!
Бо фаро расидани фасли зимистон ронандагон ва соҳибони воситаҳои нақлиёт кӯшиш мекунанд, ки нақлиётҳои худро бо моеъҳои зиддисардӣ - Антифриз таъмин кунанд ва дар ин давра, талабот ба моеи мазкур зиёд мегардад. Аз ин рӯ, аз фурсат истифода карда, дар бозори дохилӣ баъзе аз фурӯшандагон навъҳои пастсифату ғайристандартии Антифризро ба харидорон пешниҳод мекунанд.
Гарчанде кормандони Агентии Тоҷикстандарт теъдоди зиёди моеи зиддисардии Антифризи ғайристандартиро аз нуқтаҳои фурӯш ва бозорҳо борҳо гирифта бошанд ҳам, баъзе аз фурӯшандагон барои ба даст овардани даромади муфт бештар ба чунин корҳо даст мезананд. Дар баробари ин, фурӯшандагоне низ ҳастанд, ки ҳангоми қабули молу маҳсулот басифату намуди мол беаҳамиятӣ зоҳир мекунанд, ки дар натиҷа ба харидор зарари моддӣ мерасонанд.
Фаромӯш набояд кард, ки истифодаи Антифризи ғайристандартӣ дар рӯзҳои сардӣ ба ҳолати воситаҳои нақлиёт зарари ҷиддӣ мерасонад. Аз ин рӯ, харидоронро зарур аст, ки ба тавсияҳои мутахассисон аҳамият дода, ҳуқуқҳои истеъмолии худро ҳимоя кунанд, инчунин, аз фурӯшанда сертификати мутобиқати маҳсулотро талаб намоянд, то ҳангоми истифодаи моеи Антифриз дар ҳолати ногувор қарор нагиранд.
РОНАНДАГОНИ АЗИЗ!
Ҳангоми харидории Антифриз ба сифати он диққат дода, аз харидории маҳсулоти шубҳанок худдорӣ кунед, дар сурати поймол гардидани ҳуқуқҳои истеъмолиатон ба Агентии Тоҷикстандарт муроҷиат намоед.
Суроға:
ш.Душанбе, кӯчаи Н. Қарабоев 42/2
Тел: 2-33-68-69, 2-33-44-99