ТАБРИКОТИ
ДИРЕКТОРИ АГЕНТИИ ТОҶИКСТАНДАРТ МУҲТАРАМ РАҲМОН ИСЛОМИДДИН ХАЙРИДДИН БАХШИДА БА СОЛИ НАВИ МЕЛОДИИ 2026
Соли 2025 барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда, яъне соли вусъати созандагиву бунёдкорӣ, иқдому ташаббусҳои наҷиб таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари мо буд.
Метавон Паёми навбатии Пешвои муаззами милатро, ки дар фароварди соли нав ироа гардид, як муждаи нек барои миллат ва давлати азизамон донист. Зеро дар он фаъолияти самараноки соли гузашта натиҷагирӣ шуда, ҳадаф ва мақсадҳои созанда барои соли оянда ва мумуман рушди минбаъдаи кишвари азизамон ироа гардид. Ҳоло сокинони мамлакат ба фардои боз ҳам ободу осуда дилпурона назар мекунанд ва ба хотири пешрафти минбаъдаи давлати соҳибистиқлоли худ софдилона заҳмат мекашанд.
Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар доираи нақшаи корҳои ободониву созандагӣ барои таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби ташкилоту корхонаҳои давлатӣ, бахши хусусӣ, соҳибкорони ватандӯст, шахсони саховатпеша ва аҳолӣ иқдому ташаббусҳои нек вусъати тоза пайдо карданд. Дар натиҷа ҳамаи гӯшаву канори мамлакат то дурдасттарин маҳаллу деҳоти он хеле ободу зебо гардида, бисёр мушкилоти иҷтимоии аҳолӣ бартараф шуда истодаанд.
Ҳамчунин, бо ифтихор хотирнишон менамоям, ки маҳз ба шарофати ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарастии мардуми кишвар, сарҷамъии аҳли ҷомеа, саъю талоши содиқона ва заҳмати фидокоронаи халқамон нуфузу обрӯи Тоҷикистони азизи мо дар арсаи байналмилалӣ сол ба сол таҳким ёфта истодааст.
Басо гуворост, ки Тоҷикистони мо аз ҷониби ҷомеаи башарӣ ҳамчун кишвари пешсаф ва ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалии обу иқлим эътироф гардидааст.
Дар баробари ин, бояд гуфт, ки ҳамаи мо аз вазъи ҷаҳони пурмоҷарои имрӯза ва мушкилоти рӯз ба рӯз афзояндаи сайёра хуб огоҳем. Дар чунин шароит мо бояд ба ҳифзи неъмати бузургтарини зиндагиамон истиқлолу озодӣ, дастовардҳои таърихии халқамон сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳимояи манфиатҳои милливу давлатиамон ҳамеша омода бошем ва дар ин робита Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд, ки “Сидқан дӯст доштани Ватан ва таъмин намудани пешрафти иқтисодиву иҷтимоии давлати соҳибихтиёри тоҷикон вазифаи муқаддаси ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа мебошад”.
Хушбахтона, дар соли 2025 низ дар Агентии Тоҷикстандарт вобаста ба ҳифзи бозори истеъмолии мамлакат аз воридшавии молу маҳсулоти пастсифат, таъмини риояи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва таъмини ченаки ягона корҳои мушаххас ба сомон расонида шудааст.
Пешрафти бомароми ҷомеа ва ҳамчунин соҳа моро водор менамояд, ки минбаъд ҳам самтҳои фаъолиятамонро тибқи талаботи қонунгузориҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ монем ва боз ҳам бо дастовардҳои нав пешрафти соҳа ва рушди иқтисоди миллиро таъмин намоем.
Соли нав рамзи умед, оғози рӯйдодҳои нав ва саҳифаи тоза дар дафтари зиндагии инсон аст ва мо бояд дар Соли нави мелодӣ ва солҳои дигар ба хотири таҳкими Истиқлоли давлатӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва густариши худшиносиву худогоҳӣ, боз ҳам баланд бардоштани мақоми байналмилалии кишварамон сарҷамъу муттаҳид бошем, бештар заҳмат кашем ва тамоми кӯшишу ғайрати худро ба хотири иҷрои рисолати олии ватандорӣ, яъне обод кардани Ватан ва пешрафта гардонидани давлати тоҷикон сафарбар созем.
Бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи кормандон ва ҳамватанони азизро бо фарорасии Соли нави мелодии 2026 самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадони мамлакат тансиҳатӣ, хушбахтӣ, файзу баракат ва рӯзгори ободу осуда орзу менамоям.
Таманно дорем, ки Соли нави мелодии 2026 соли пурбаракот, давраи саъю талоши бесобиқа ва заҳмати содиқонаву аҳлона, соли таҳкими дастовардҳои халқи сарбаланду шарафмандамон, тақвияти пояҳои давлатдории миллӣ ва ваҳдату суботи ҷомеа гардад.
Соли нави мелодии 2026 муборак бошад,
ҳамватанони азиз!