31 СОЛИ ФАЪОЛИЯТИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР РОҲИ РУШД ВА СОЗАНДАГИИ ВАТАН
Раҳмон Исломиддин Хайриддин,
директори Агентии Тоҷикстандарт
Ҳизби мо ба сифати неруи муқтадири сиёсии кишвар барои воқеан амалӣ гардидани озодиҳои сиёсиву иқтисодӣ, аз қабили гуногунандешӣ, бисёрҳизбӣ, озодии сухан, матбуот ва эътиқод, интихоботи шаффофу демократӣ, волоияти қонун, иқтисодиёти гуногуншакл, рақобати озоди иқтисодӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва монанди инҳо ҳамчун ҳадафҳои барномавии худ то имрӯз талош меварзад. Натиҷаи ҳамин аст, ки намояндагони аксари қишрҳои ҷомеа ифодаи манфиатҳояшонро дар барномаи ин ҳизб мебинанд ва онро ҷонибдорӣ мекунанд.
Эмомалӣ Раҳмон
Боиси хушнудию сарфарозист, ки имсол дар сар то сари кишвари азизамон 31-умин солгарди Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки дар татбиқ ва амалишавии ормонҳои миллӣ - расидан ба сулҳу суботи сартосарӣ, ваҳдати миллӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, рушди иқтисод ва расидан ба зиндагии шоистаи мардум, ба миён омадани мафкураи миллӣ ва дар ин замина, эҳёи арзишҳои фарҳангию таърихӣ, муаррифии мамлакат дар арсаи байналмилалӣ нақши беназир дорад, бо як шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардида истодааст.
Тавре медонем Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 31 сол қабл аниқтараш 10 декабри соли 1994 бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфтааст, ки яке аз таъсиргузортарин ҳизбҳои сиёсӣ дар кишвар ба шумор меравад.
Дар даврони пас аз ҷанги шаҳрвандӣ, ки кишвар ба як бунбасти сиёсиву иҷтимоӣ рӯ ба рӯ буд, таъсисёбии ҲХДТ як гардиши умедбахш ва роҳи нави созандагиву ваҳдатро пеши роҳ гузошт. Ин ҳизб бо пуштибонӣ аз арзишҳои миллӣ, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушди устувори ҷомеа, тавонист мардумро ба гирди як сиёсати ягона муттаҳид созад.
Агар ба таърихи бунёди ҲХДТ назар афканем, маълум мешавад, ки дар шароити басо мураккаби миллӣ таъсис дода шудааст. Новобаста аз мушкилии замон, Пешвои муаззамаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар андешаи бунёди ҳизби халқие буданд, ки тавонад мардуми мамлакат, яъне аз шаҳрванди қаторӣ то олимону донишмандон, коршиносону сиёсатмадоронро муттаҳид сохта, барои ояндаи дурахшони кишвар талош варзанд.
Бояд қайд кард, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо гузашти 31 сол ба як ҳизби сиёсие табдил ёфтааст, ки дар ҳама гӯшаи Тоҷикистони азиз фаъолона амал мекунад. Ҳизб дар самти татбиқи ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла, таъмини истиқлоли энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва саноатикунонии босуръат нақши муассир гузоштааст.
Мусоидат ба ҷорӣ намудани стандартҳои мутобиқати сифати маҳсулот, таъмини назорати доимии сифати ғизо ва ба роҳ мондани озмоиши техникии сифати ғизо яке аз самтҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030-ро ташкил медиҳад.
Аз ин ҷост, ки Агентии Тоҷикстандарт низ, масъулияти калонро ба зимма дорад. Фаъолияти самарабахши ҳаррӯзаи ҳар яки мо ва талошу заҳмати ҳар кадомамон ба хотири ободонии Ватан ва ҳифзи манфиатҳои мардум нигаронида шудааст. Ин амал аз мо талаб менамояд, ки бо дили гарму масъулияти дучанд кору фаъолият кунем ва кӯшиш намоем, ки дар татбиқи амалии вазифаву мақсадҳое, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди аҳли ҷомеа гузоштаанд, саҳми арзанда ва назаррас дошта бошем.
Дар ин раванд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ вобаста самти ҳизбӣ борҳо таъкид кардаанд: «Мақсаду мароми ҲХДТ фақат ободии кишвар, шукуфоии давлат ва фаровонии зиндагии мардум аст».
Имрӯз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳизби боэътимоди мардум боқӣ мондааст. Бо беш аз 600 ҳазор аъзо дар саросари кишвар, ва намояндагони фаъол дар парлумон ва мақомоти иҷроия, он дар татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат нақши калидӣ мебозад.
Тазаккур бояд дод, ки дар тули 31 сол, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳамаи бахшҳои ҳаёти иҷтимоӣ ва сиёсӣ фаъолона ширкат варзидааст. Самтҳои муҳими фаъолияти он чунинанд:
таҳкими сулҳу ваҳдат;
пуштибонӣ аз сиёсати созанда ва мутавозин;
тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ;
дастгирии соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳанг;
таҳкими нақши зан дар ҷомеа;
таъмини устувории ҳокимияти давлатӣ ва амнияти миллӣ ва монанди инҳо.
Бо якҷоягии ин талошҳо, ҲХДТ тавонистааст, ки эътимоди мардумро ба даст орад ва дар интихоботҳои гуногун пирӯз гардад. Имрӯз ин ҳизб ба сифати такягоҳи устувори сиёсӣ ва пуштибони Пешвои миллат амал мекунад.
Таҷрибаи таърихӣ дар муддати зиёда аз 31 сол нишон дод, ки ин ҳизб ба мактаби бузурги давлатдории Пешвои миллат табдил ёфта, ба ҳайси заминаи асосии омода намудани мутахассисони донишманд баромад карда, дар пайравӣ аз Сарвари давлат барои ояндаи дурахшони кишвар саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Ҷашни 31-солагии ҲХДТ ин на танҳо таҷлили таърих, балки қадами устувор ба сӯи ояндаи амну осуда ва пешрафтаи Тоҷикистон мебошад. Бо сарварии Пешвои миллат ва дастгирии мардуми бонангу номуси кишвар, ҲХДТ ҳамчун рамзи ваҳдат, сулҳ ва пешрафт дар таърихи муосири Тоҷикистон боқӣ хоҳад монд. Метавон гуфт, ки 31-солагии ҲХДТ ин нишони устувории сиёсии мамлакат ва заминаи боэътимоди рушди минбаъда мебошад.
Ёдовар бояд шуд, ки барнома ва стратегияи давлат, меҳвар ва асоси фаъолияти ин ҳизб аст. Ташкилоти ибтидоии “Тоҷикстандарт” фаъолияти худро зери роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҳизб, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асоси Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ” дастуру супоришҳои Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Фирдавсӣ, инчунин, Оиннома ва Барномаи ҳизб ба роҳ мондааст.
Ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар «Тоҷикстандарт» пайваста барои амалӣ намудани ҳадафҳои олии кишвар кӯшиш менамояд. Бо иқдомҳои созанда ва бунёдгарӣ худ дар амалӣ намудани ҳадафҳои оинномавию барномавии ҳизб нақши арзишманд гузошта истодааст.