АҲАМИЯТИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ДАР ТАЪМИНИ ЭНЕРГИЯИ САБЗ
Раҳмон Исломиддин Хайриддин,
директори Агентии Тоҷикстандарт
Замона ҳамеша дар ҳоли рушд аст. Ҳар падидаву имкониятҳое, ки пайдо мешавад барои беҳтар кардани сатҳу сифати кору фаъолият ва зиндагии мардум мебошад. Энергия, ки имрӯз қисми асосии иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва рушди ҳар давлат гардидааст, пайдо кардани роҳҳои наву муассири он дар мадди аввали фаъолияти ҳар давлату ҳукумат қарор дорад.
Аслан энергия мафҳуми васеътар аст, ки шаклҳои гуногуни онро дар бар мегирад. Қувваи барқ бошад як шакли муҳими энергия буда, заминаи зиндагии муосир ва рушди пешрафтаро фароҳам меорад.
Тавре маълум аст бо фаро расидани фасли тирамоҳ ва зимистон мушкилӣ бо неруи барқ дар кишвар ба мушоҳида мерасад, ки ин ба худ сабабҳои зиёд дорад. Зиёд шудани шумораи аҳолӣ, истифодаи васеи таҷҳизоти барқӣ, зиёд гардидани биноҳои баландошёна дар шаҳрҳо, хусусан шаҳри Душанбе ва атрофи ин, инчунин, ба фаъолият пардохтани корхонаҳои зиёд дар сар то сари кишвар (албатта ҳамаи ин бо неруи барқ кору фаъолият мекунанд), кам будани боришот таъсири табиат ва монанди инҳо чандин омилҳои дигар боиси ба миён омадани мушкилоти барқ мегардад.
Бо вуҷуди андешидани тадбирҳои зиёд аз ҷониби Ҳукумати кишвар, хусусан сохтани неругоҳҳои хурду калон ва таҷдиду азнавсозии онҳо, ин мушкилӣ то ҳол роҳи ҳали худро ба пуррагӣ наёфтааст. Вобаста ба ин, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо андешидани тадбирҳои оқилонаву сарвақтӣ дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 ноябри соли равон супориш доданд, ки масъалаи насби панелҳои офтобӣ дар манзилҳои истиқоматӣ ва ҳамоҳангсозии истифодаи онҳо бо шабакаҳои барқии кишвар мавриди омӯзиш қарор дода шавад. Ҳамчунин, фарҳанги истифодаи сарфакоронаи неруи барқ дар байни мардум васеъ тарғиб гардад.
Пешвои миллат бисёр сиёсатмадори дурандешу хирадманд мебошанд, ки ҳамаи паҳлуҳои ҳаётро ба инобат гирифта, чунин ибтикороти наҷибро пешниҳод кардаанд. Дар як шароите, ки хушксолӣ дар дунё таҳдид дорад ва пиряхҳо, ки манбаи адонашавандаи асосии об мебошанд, рӯз ба рӯз талаф ёфта истодаанд, обхезиҳо баъзе кишварҳои дунёро фаро гирифта, ҷангалу бешазорҳои зиёди дунё сӯхта нобуд шуда истодааст, ин ҳама аз таъсири инсоният ба табиат мебошад.
Панелҳои офтобӣ бошад газҳои гулхонаӣ (CO₂, CH₄) хориҷ намекунанд. Бо истифодаи онҳо, ҷаҳон метавонад таъсири тағйироти иқлимро коҳиш диҳад. Асосан, яке аз сабаб- ҳои гармшавии глобалӣ хушксолӣ ва чунин газҳо мебошанд.
Панелҳои офтобӣ (панелҳои фотоэлектрикӣ) дастгоҳҳое мебошанд, ки энергияи нури офтобро ба неруи барқ табдил медиҳанд. Онҳо яке аз манбаъҳои муҳими энергияи сабз ва таҷдидшаванда ба ҳисоб мераванд.
Панелҳои офтобӣ аз инвертор (тағйирдиҳандаи ҷараёни барқ), контроллер (танзимгари барқ) ва аккумулятор (таҷҳизоти захираи барқ) иборатанд. Панелҳо нақши қабул ва манбаи неруро иҷро мекунанд. Онҳо равшании офтобро қабулу коркард карда, онро ба ҷараёни барқ табдил медиҳанд, ки дар идома он тавассути контроллер ба батареяҳои аккумулятор дода мешавад. Барқи дар панел ҳосилшуда дар аккумулятор захира карда мешавад. Сатҳи ҷараёни барқ бо дастгоҳи махсус назорат мешавад: агар ҷараён хурд (паст) бошад, контроллер панелро ба кор меорад ва агар баланд бошад, онро аз кор бозмедорад.
Панелҳои офтобӣ аслан технологияи ояндаанд. Онҳо на танҳо манбаи неруи тозаанд, балки роҳи сарфакорӣ, мустақилияти энергетикӣ ва ҳифзи табиатро таъмин мекунанд. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки кишвари офтобӣ аст, истифодаи онҳо имконияти воқеии тараққиёт мебошад.
Дар Тоҷикистон дар як сол тақрибан 2800 то 3000 соат нурдиҳии офтоб вуҷуд дорад ва ин маънои онро дорад, ки рӯзҳои офтобӣ дар кишвар зиёда аз 2300 рӯз мешаванд (агар ба ҳисоби миёна ҳар рӯз тақрибан 7-8 соат офтоб бошад).
Бо вуҷуди ин, шумораи дақиқи рӯзҳои пурра офтобӣ (яъне бе абр ё борон) ба минтақа ва фасл вобаста аст. Масалан:
- дар водиҳои ҷанубӣ ва марказӣ, монанди Хатлон ва Душанбе, рӯзҳои офтобӣ бештар (тақрибан 280-300 рӯз дар сол).
- дар минтақаҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳ, ба монанди Бадахшон, рӯзҳои офтобӣ камтар мешаванд (қисман абрӣ ва боронӣ).
Ҳамин тавр метавон гуфт, ки Тоҷикистон кишвари дорои иқлими офтобӣ мебошад ва барои истифодаи энергияи офтобӣ имкониятҳои васеъ дорад.
Ёдовар бояд шуд, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати аҳамияти хоса додан ба энергияи офтобӣ як сол қабл, аниқтараш дар ҷаласаи Шӯрои миллии рушд, ки 10 июни соли 2024 дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд, таъкид намуданд, ки «Истифодаи васеи сарчашмаҳои алтернативии барқароршавандаи неруи барқ, пеш аз ҳама, неруи офтобӣ, бахусус дар минтақаҳои деҳот ва кӯҳистон ба дастрасии пурраи аҳолӣ ба неруи барқ, баланд гардидани сатҳи зиндагии мардум, ҳифзи муҳити зист, инчунин, ба роҳ мондани технологияҳои муосири «сабз» ва ташкили истеҳсолоти илмталаб мусоидат менамояд». Ҳамчунин, таъкид дошта буданд, ки «Васеъ намудани миқёси насби панелҳои офтобӣ дар иншооти таъйиноти иҷтимоию иқтисодӣ, бахусус дар деҳот ва ба роҳ мондани технологияҳои офтобӣ дар шабакаҳои гармидиҳӣ низ муҳим мебошад».
Панелҳои офтобӣ технологияи муосир ва ҷавоби дуруст ба ниёзҳои энергетикӣ, экология ва иқтисодиёти асри XXI мебошанд. Онҳо барои ҳар як давлат, хонавода ва ҳатто шахси алоҳида имкони зиндагии устувор, мустақил ва тозаро фароҳам меоранд.
Панелҳои офтобӣ партов ва садои зиёде надоранд, бинобар ин муҳити зистро ифлос намекунанд. Онҳо барои ҳайвоноту наботот хатар надошта, бо табиат ҳамоҳанг кор мекунанд.
Баръакси сӯхтани ангишт ё газ, панелҳои офтобӣ ҳангоми кор ягон моддаи ифлоскунанда ба ҳаво хориҷ намекунанд. Барои деҳаҳо ва маҳаллаҳое, ки ба шабакаи барқ пайваст нестанд, панелҳои офтобӣ роҳи беҳтарини дастрасӣ ба барқ мебошанд. Онҳо метавонанд 20-30 сол кор кунанд ва ба нигоҳубини зиёд ниёз надоранд.
Тавре аз сарчашмаҳо бармеояд, мувофиқи нишондиҳандаи Global Solar Atlas (PVOUT) - миқдори миёнаи тавлиди барқи солона аз насби системаи офтобии иқтидораш 1 кВт барои Ҷумҳурии Тоҷикистон 1400 - 1600 кВт- соат мебошад. Ин чунин маъно дорад, ки ҳангоми насби системаи офтобии иқтидораш 1 кВт дар Тоҷикистон дар як сол 1400-1600 кВт-соат энергия гирифтан мумкин аст. Нишондиҳандаи мазкур дар Олмон 700-1100 кВт-соат мебошад. Ин исбот менамояд, ки манбаъҳои энергияи офтобӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд мебошанд.
Панелҳои офтобӣ на танҳо манбаи барқ, балки рамзи рушди устувор, зиндагии сабз ва ояндаи тоза мебошанд. Тоҷикистон, бо доштани рӯзҳои зиёди офтобӣ дар сол, бояд бештар ба ин манбаи муҳими энергия рӯ орад.
Истифодаи васеи панелҳои офтобӣ ба кишварҳо кумак мекунад, ки камтар аз захираҳои беруна вобаста бошанд. Дар ҳолати офатҳои табиӣ (зилзила, сел, боронҳои шадид), вақте барқи марказӣ қатъ мешавад, панелҳои офтобӣ метавонанд ҳаётбахш бошанд.
Техникаву технология ҳамеша дар ҳоли рушд қарор доранд. Олимон ва муҳандисони дунё ҳар сол панелҳои камхарҷтар, самараноктар ва сабуктарро пешниҳод менамоянд. Панелҳои нави шишагин, чандир ва ҳатто ранга сохта мешаванд, ки метавонанд ба зебоии меъморӣ низ кумак кунанд. Имрӯз, ки раванди сохтмони биноҳои баландоёшнаи истиқоматию маишӣ дар ҳоли рушд аст, панелҳоро метавон ба зебоии бино мутобиқу мувофиқ сохта, ба тарҳи муосиру замонавӣ оро дод.
Панелҳои офтобӣ на танҳо воситаи сарфаи барқ, балки роҳи зиндагии оқилона, муҳити тоза ва рушди устувори ҷомеа мебошанд. Дар шароити Тоҷикистон - кишваре бо захираи бузурги нури офтоб - онҳо бояд ҷузъи муҳими сиёсати энергетикӣ ва экологии миллӣ шаванд.
Хушбахтона имрӯз аз панелҳои офтобӣ дар кишвар зиёд истифода шуда истодааст. Дар бисёре аз деҳаҳои кӯҳистон ва мактабҳои дурдаст панелҳои офтобӣ насб шудаанд. Ҳамчунин, баъзе беморхонаҳо ва марказҳои кӯдакона низ бо ёрии созмонҳои байналмилалӣ аз ин навъи энергия истифода мебаранд.
Айни замон таҷҳизоти низоми офтобӣ, аз ҷумла, панелҳои офтобӣ, инверторҳо, аккумуляторҳо ва ноқилҳои дар давлатҳои Чин, Аврупо, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Туркия, Ҷопон ва ғайра истеҳсол карда мешаванд. Ин гуна таҷҳизот аз тамоми давлатҳо вобаста ба талаботи харидорон дастрас карда мешаванд, вале миқдори зиёди воридоти он ба Тоҷикистон аз Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад.
Тоҷикистон низ метавонад бо роҳандозӣ ва танзими он панелҳои офтобӣ дар кишвар бо истифода аз иқлимаш ба яке аз давлатҳои “энергияи сабз” табдил ёбад.