ТАБРИКОТИ
ДИРЕКТОРИ АГЕНТИИ ТОҶИКСТАНДАРТ
МУҲТАРАМ РАҲМОН ИСЛОМИДДИН ХАЙРИДДИН БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ
Ҳамватанони азиз!
Ҳамаи шуморо ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ, ки рамзи муқаддаси соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ, ифодагари орзуву ормони миллӣ ва арзишҳои олии тамаддуни халқи тоҷик мебошад, самимона табрик мегӯям.
Арҷгузорӣ ба Парчами миллӣ ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бояд рисолати таърихӣ, қарзи фарзандӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа бошад.
Дар робита ба ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки: «Дар ҷаҳони муосир ҳар як давлату миллат бо рамзҳои давлатӣ ва муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла Конститутсия, Нишон, Парчам, Суруди миллӣ ва пули миллӣ шинохта мешавад, яъне ин нишонаҳо муаррификунандаи кишвари соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ мебошанд».
Бояд гуфт, ки Парчам аз байни се рукни муқаддаси миллӣ дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии халқи тоҷик мақому манзалати хосса дорад. Зеро таърихи парчамдории миллати мо аз Дирафши Ковиёнӣ оғоз мегардад ва мо имрӯз аз ин таърихи пурғановати чандинҳазорсола ҳувият ва ҳастии халқамонро ҳифз кардааст, ифтихор мекунем.
Парчами давлатӣ ба сифати яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ, таҷассумгари асосҳои таърихӣ, мероси ғановатманду арзишманди миллӣ, ифодагари мақсаду маром ва орзуву омоли мардуми куҳанбунёдамон, дар ҳақиқат мояи ифтихори ҳар фарди ватандӯсту ватандор мебошад.
Қобили зикр аст, ки имрӯз Парчами давлатӣ ба омили бисёр муҳимми болоравии ҳисси миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори ватандории шаҳрвандони Тоҷикистони соҳибистиқлол табдил ёфтааст.
Ҳоло ин рамзи муқаддаси миллӣ хурду бузурги мардумро ба заҳмати аҳлона, созандагиву ободкорӣ, таҳкими иқтидори давлат ва баланд бардоштани обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ роҳнамоӣ мекунад.
Дар ин ҷода, махсусан, ҷавонони кишвари мо нақши назаррас доранд. Онҳо бо дастоварду комёбиҳои худ дар соҳаҳои илму фарҳанг ва варзиш Парчами давлати тоҷиконро на танҳо дар дохили мамлакат, балки берун аз он дар чорабиниву мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ баланд мебардоранд.
Дар шароити пуртазоду печидаи ҷаҳони муосир тарбия кардани насли худогоҳу худшинос, ватандӯсту ватанпараст ва созандаву ободгар вазифаи мақомоти давлатӣ, олимону зиёиён, аҳли адаб, кормандони воситаҳои ахбори умум, падару модарон ва тамоми ҷомеа мебошад.
Дар ин робита бояд Ватани худро сидқан дӯст дорем, ба қадру қимати Ватану ватандорӣ расем ва ҳамеша шукронаи истиқлолу озодӣ, сулҳу амнияти кишвар ва ваҳдати миллиро намуда, меҳнати созандаву бунёдкоронаро мақсаду мароми асосии зиндагӣ қарор дода, тамоми имконияту неруи худро ба хотири ободии Тоҷикистони соҳибистиқлол равона созем.
Бори дигар тамоми шаҳрвандони кишвар ва тоҷикони берунмарзиро ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки онҳо хушбахтиву хушиқболӣ, файзу баракат ва ба Тоҷикистони маҳбубамон рушду тараққиёти рӯзафзун орзу менамоям.
Бигзор, Парчами пурҷилову нурафшони истиқлол дар қалби ҳар як сокини Тоҷикистон меҳри Ватанро афзунтар созад ва асрҳои аср дар фазои озоди кишварамон парафшонӣ намояд.
Рӯзи Парчами давлатӣ муборак бошад, ҳамватанони азиз!