ҲАДАФИ МО: Таъмини бехатарии бозори истеъмолӣ
Масъалаи ҳифзи бозори истеъмолии мамлакат ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар мадди аввали фаъолияти Агентии Тоҷикстандарт қарор дорад. Ҳадафи фаъолияти мо назорат ва ҳимояи бозори истеъмолӣ, яъне пешгирӣ аз воридот ва фурӯши молу маҳсулоте, ки ба талабот ҷавобгӯ нест, инчунин, дарёфт ва аз муомилот гирифтани молу маҳсулоти пастсифат ва зараррасоне, ки ба ҳаёти одамон хатар дорад, мебошад.
Агентии Тоҷикстандарт дар самти назорати бозори истеъмолӣ татбиқи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникии талаботашон ҳатмӣ, яъне Регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба роҳ мондааст ва ин амал барои ба танзим даровардани бозори истеъмолӣ мусоидат менамояд. Ҳамчунин, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» қабул карда шудааст. Дар ин қонун ҳуқуқҳои асосии истеъмолкунандагон дар бораи ҳимояи ҳуқуқҳои ҳар як истеъмолкунанда аз ҷониби давлат, ҳимоя аз хавфи харидории моле, ки ба ҳаёт, саломатӣ, бехатарӣ таҳдид мекунад ва ё ба поймол кардани ҳуқуқҳои қонунии шаҳрванд сабабгор мешавад, ба таври ройгон бартараф кардани нуқсони мол ё иваз кардани он, ҷуброн кардани арзиши мол ва ё мутобиқан паст кардани нархи он, барқарор кардани хисороти маънавие, ки дар натиҷаи истифодаи моли номатлуб ба миён омадааст, ахбори пурраву дақиқ дар хусуси моли харидашаванда ва тарзи хизматрасонии он ва ба истеъмолкунанда фаҳмонидани ҳуқуқҳои ӯ ва амсоли инҳо нишон дода шудаанд.
Вобаста ба ин, кормандон дар доираи таъмини сифат ва бехатарии маҳсулот, ҳифзи бозори истеъмолӣ аз молу маҳсулот ва хизматрасонии пастсифат ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон фаъолият бурда, пайваста бо соҳибкорон ва фурӯшандагони молу маҳсулот корҳои назоратӣ ва тавзеҳотию фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.
Дар рафти гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ аз соҳибкорон даъват ба амал меоранд, ки молҳои пастсифат ва ё муҳлати истеъмолашон гузаштаро ба мардум нафурӯшанд. Барои несту нобуд сохтан ва аз муомилот баровардани ин гуна молу маҳсулот ба Агентии Тоҷикстандарт муроҷиат кунанд.
Натиҷаи корҳои назоратӣ буд, ки аз ҷониби соҳибкорони масъулиятшинос 32806 кг номгӯи гуногун маҳсулоти хӯрокворӣ барои несту нобудсозӣ ба Агентӣ ворид карда шуд. Ҳамаи он молу маҳсулоти аз муомилот гирифташуда дар ҳузури комисияи махсуси салоҳиятдор пурра несту нобуд карда шуд.