Мувофиқи нақша дар маркази шаҳри Роғун, ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва кӯчаву маҳаллаҳо шиору овезаҳои ҷашнӣ насб гардида, баргузории маҷлисҳои тантанавӣ ва чорабиниҳои фарҳангиву идона бахшида ба ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатӣ дар сатҳи баланд амалӣ гардиданд.
Дар раванди таҷлили ҷашни Истиқлол таъмиру таҷдиди роҳҳои байни деҳаҳо, кашидани хатҳои об, чароғонкунии кӯчаву маҳал ва дигар тадбирҳои созандагӣ ба роҳ монда шуда, инчунин, бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари гурӯҳи кории ҳукуматӣ, директори Агентии Тоҷикстандарт муҳтарам Раҳмон Исломиддин Хайриддин бинои муассисаи давлатии мактаби бачагонаи мусиқӣ дар маркази шаҳри Роғун, филиали бонки «Амонатбонк» дар шаҳри Роғун, маркази савдо, мағозаи маҳсулоти сохтмонӣ дар ҷамоати Қади об ва меҳмонхона ба истифода дода шуд.
Дар ҳамоиши тантанавие, ки дар Қасри фарҳанги шаҳри Роғун баргузор гардид, Директори Агентии Тоҷикстандарт сокинонро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфтанд ва ба фаъолони соҳаҳои гуногун ифтихорномаҳо супорида шуданд. Ҳамзамон, ба ифтихори ҷашни Истиқлол чорабиниҳои фарҳангию барномаи театркунонидашуда доир гардид.
Дар доираи татбиқи дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат дар арафаи иду ҷашнвораҳо ба оилаҳои эҳтиёҷманд, маъюбон, ятимону бепарасторон, мактаб-интернатҳо ва муассисаҳои таълимӣ кӯмак расонида мешавад.
Дар ин робита, дар арафаи таҷлили ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатӣ бо ташаббуси роҳбарияти Агентӣ бо мақсади дастгирии афсарону сарбозон, дар қисми ҳарбие, ки дар ҳудуди шаҳри Роғун ҷойгир аст, дастархони идона ороста шуд.