Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 34 - умин солгарди онро таҷлил менамоем, оғози марҳилаи нави давлатдории миллӣ, тантанаи хирад ва андешаи миллати солору кӯҳанбунёди тоҷик, омили иттиҳоду сарҷамъии мардуми фидокору ватандӯсти мо ва муҳимтар аз ҳама нишонаи возеҳи ҳастии миллат ба ҳисоб рафта, муқаддастарин ҷашни миллию давлатии мо мебошад.
Дар ин робита, бо камоли фараҳмандӣ фарорасии ин ҷашни бузурги миллиро аз самими дил бароятон табрику муборакбод гуфта, бахти фирӯз, умри тулонӣ, файзи рӯзгор ва барору комёбиҳоро таманно менамоям.
Истиқлол - ин орзую омол ва муборизаи дуру дарози фарзандони барӯманди халқи тоҷик аст, ки ҳамчун бузургтарин рӯйдоди таърихӣ дар аввалҳои солҳои 90-уми асри бист ба даст омад ва новобаста аз нобасомониҳои солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, он аз тарафи мардуми мо бо сарфарозӣ пазируфта шуд. Ин рӯйдод ба халқи тоҷик шароити мусоиди сиёсию ҳуқуқӣ фароҳам овард, ки бо дарки баланди масъулияти таърихӣ дар назди наслҳои гузашта, имрӯзу оянда сарнавишт ва тақдири минбаъдаи худро ба дасти худ бигирад.
Халқи тоҷик, имкон пайдо намуд, ки бори аввал сарвари сиёсии худро дарёбад ва ӯро тавассути раъйдиҳии умумихалқӣ якдилона ба роҳбарии худ пазирояд ва ба ӯ тақдири давлату миллатро бовар намояд.
Имрӯз фазои сулҳу субот ба татбиқи сиёсати иқтисодӣ, ба манфиатҳои давлатдории миллӣ ва ба татбиқи чор ҳадафи стратегие, ки Пешвои муаззами миллат ба миён гузоштаанд, ҷавобгӯ буда, зина ба зина ҳалли худро ёфта истодааст.
Дар даврони Истиқлоли давлатӣ, Тоҷикистони азизи мо ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Тамоми ин дастовардҳо бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст.
Соҳиби давлати мустақил будан барои ҳар инсони соҳибдил бахти бузург аст. Ба шарофати истиқлол, ба дастовардҳои назарраси сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ноил шуда бошем ҳам, дар марҳилаи мураккабу ҳасоси ҷаҳони имрӯза ба иттиҳоду ҳамраъйӣ, ваҳдати миллӣ, маърифату зиракии сиёсӣ, худошиносиву худогоҳӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстиву ватандорӣ бештар ниёз дорем. Вобаста ба ин, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем.
Мо вазифадорем, ки ҳама гуна амалҳои ба зиндагии осоиштаи башарият таҳдидкунандаро маҳкум ва пешгирӣ карда, талошҳои созанда, дастовардҳои фарҳангӣ ва дину оинҳои халқу миллатҳои гуногунро ҳамчун ҷузъҳои таркиби тамаддуни башарӣ эътироф намоем ва ба онҳо эҳтиром гузорем.
Муҳимтар аз ҳама дар кишвари азизамон имрӯз амнияту суботи устувор таъмин гардид ва рӯҳияи боварӣ ба ояндаи нек, ифтихор аз Ватани озоду орому обод ва дорои мақоми шоиста дар ҷомеаи ҷаҳонӣ тақвият ёфт ва дар ин замина, ба зиммаи насли имрӯзи ватан иҷрои рисолати бузурги таърихӣ бунёд ва таҳкими давлати мустақили Тоҷикистон афтодааст. Ҳоло вазифаи ҳамаи мост, ки ин рисолатро ба таври шоиста анҷом диҳем.
Аз комёбиҳои Истиқлоли давлатӣ бархурдор гардида, мо қарзи шаҳрвандии худ медонем, ки сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, дар татбиқи он ақлу дониш ва қувваи худро дареғ надорем. Ва бояд гуфт, ки ин амалро мо пеш аз ҳама бо эҳсоси масъулияти ба зиммадошта, дар назди халқу Ватанамон ба ҷо оварда метавонем. Имрӯз ман бо ҳисси қаноатмандӣ метавонам гуфт, ки чунин дарку фаҳмишҳо дар ниҳоди кормандони Агентӣ ҷой доранд.Боиси хушнудист, ки кормандони мо тайи солҳои охир дар иҷрои нақшаву вазифаҳояшон корҳои шоёнеро ба анҷом расонидаанд. Махсусан, дар тарбияи кадрҳо, баланд бардоштани дараҷаи тахассусӣ пешравиҳо ба назар мерасанд. Дар ин замина, корҳои зиёдеро аз қабили ташкил намудан ва гузаронидани омӯзишу семинарҳо, барои такмили ихтисос фиристодани кормандон ба хориҷи кишвар, ташкили озмоишгоҳҳои нав, барқароркунӣ ва мустаҳкам намудани алоқа ва ҳамкориҳо бо ташкилотҳои байналмилалӣ оид ба рушди соҳаи назорати давлатии сифати молу маҳсулот ба сомон расонида шуда истодааст. Ҳамзамон, корҳои сохтмонию ободонӣ ва таъмиру тармими биноҳо давом доранд.Сохта ва ба истифода додани марказҳои нави озмоишию ташхисӣ дар Дастгоҳи марказии Агентӣ, дар Раёсатҳои вилояти Бадахшон, Хатлон, Суғд, инчунин, марказҳои Исфара, Шаҳритус, Данғара, Лахш, Рашт, Кӯлоб, Ваҳдат, Турсунзода ва дигарҳо аз ин қабиланд.Боиси сарфарозист, ки имрӯзҳо мардуми бонангу номус ва ватандӯсти мо якдилона барои истиқболи сазовори ин ҷашни муқаддасу бузурги миллӣ тамоми қаламрави кишварро ба майдони бузурги заҳмати созанда ва фаъолияти бунёдгарона табдил дода, барои гулгулшукуфоии Ватани азиз саҳми худро мегузоранд.Бори дигар ҳамаи шумо ҳамкорону ҳамватанони азизро бо 34 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона шодбош гуфта, ба ҳар яки шумо хушбахтиву некрӯзӣ, ободиву осоиш, саодатмандию комёбӣ ва барори корро орзу менамоям.Ҷашни Истиқлоли давлатӣ муборак, ҳамватанони азиз!