Таҳти ҳамин унвон имрӯз 30 –юми июли соли 2025 Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ дар якҷоягӣ бо ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Тоҷикстандарт” –и Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳамовозиву ҷонибдорӣ аз ташаббуси навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба қабули Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» Конференисияи илмӣ-назариявиро баргузор намуд.
Дар чорабинии мазкур Муродзода Ҷурабек Қурбоналӣ - раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Фирдавсӣ, Исмоилзод Ҳаким Шамсулло - муовини якуми директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рустамзода Малоҳат Рустам - муовини директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон, Абдулло Далер Абдулло - муовини сармуҳаррири нашрияи “Садои мардум” ва як қатор намояндагони ташкилотҳои ҳизбӣ, аъзои фаъоли ҳизб, кормандону масъулини Агентӣ ва аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” иштирок ва суханронӣ намуданд.
Нахуст конференсияро Муродзода Ҷурабек Қурбоналӣ - раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Фирдавсӣ ифтитоҳ бахшида, қайд кард, ки қабули Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» боиси ифтихору сарфарозии мо ҳизбиёни буда, қадами муҳим дар роҳи истифодаи зеҳни сунъӣ барои рушди устувор буда, нақши пешсафии Тоҷикистонро дар қабули санадҳои байналмилалӣ бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишон медиҳад.
Дар ин раванд, Исмоилзод Ҳаким Шамсулло - муовини якуми директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рустамзода Малоҳат Рустам - муовини директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон, Абдулло Далер Абдулло - муовини сармуҳаррири нашрияи “Садои мардум” оид ба аҳмият ва нақши қатъномаи мазкур баромад намуда, қайд карданд, ки истифодаи зеҳни сунъӣ барои ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ дар Осиёи Марказӣ мусоидати фаъол менамояд.