Дар раванди сафари корӣ ба вилояти Суғд Директори Агентии Тоҷикстандарт муҳтарам Раҳмон Исломиддин Хайриддин, аз фаъолияти Маркази Тоҷикстандарт дар шаҳри Истаравшан дидан карданд
Дар доираи сафари кории худ муҳтарам Раҳмон Исломиддин Хайриддин аз раванди фаъолияти озмоишгоҳҳои хӯрокворӣ ва ғайрихӯроквории Марказ боздид намуда, ҷиҳати бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта ва дар баробари ин, барои таъмин ва муҷаҳҳаз гардонидани озмоишгоҳҳо бо дастгоҳҳои наву замонавӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир ба масъулин супоришҳои мушаххас доданд.
Аз ҷумла, таъкид доштанд, ки ҷиҳати дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ ва дар ин замина таъмини рақобатпазирии маҳсулот, ҳимояи бозори истеъмолӣ аз воридоти молу маҳсулоти пастсифат ва муҳлати истеъмолиаш гузашта, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ ва ғайрихӯрокворӣ, инчунин, баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳо аҳамияти аввалиндараҷа дода шавад.
Ҳамзамон, директори Агентӣ бо мутахассисон ва кормандони Марказ суҳбату вохӯрӣ анҷом дода, бо шароити корӣ ва вазъи иҷтимоии онҳо шинос шуданд. Дар баробари ин, ба роҳбарияти Марказ дастур дода шуд, ки аз ҳолати кормандони худ ҳамеша бохабар бошанд.