Имрӯз дар Агентии Тоҷикстандарт бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви комиссияи оштии миллӣ Кароматулло Олимов ва кормандони Агентӣ фаъолона иштирок карданд.
Муовини директори Агентӣ Мансур Сафарзода ҳамоишро ифтитоҳ бахшида, аҳли толорро аз номи роҳбарият бо ин рӯзи фараҳбахш табрику таҳният гуфт ва аз гиромидошти ваҳдату ягонагӣ бори дигар ёдовар шуда, иброз дошт, ки воқеан ваҳдати миллӣ ва истиқрори сулҳ ба он мусоидат намуд, дар даврони соҳибистиқлолӣ мо монеаҳоро бартараф намуда, роҳро дар самти рушди иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар кушоем. Метавон бо ифтихор иброз намуд, ки дар амалӣ шудани сулҳу ваҳдат, нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон калидӣ ва тақдирсоз аст. Бо иродаи устувор ва муҳаббати самимӣ ба халқ, эшон тавонистанд халқи парешонгаштаву ранҷдида ва кишвари харобгаштаро ба сӯи якпорчагӣ ва ваҳдати миллӣ раҳнамун созанд.
Дар идомаи чорабинӣ Кароматулло Олимов баромад карда, аз ҷумла, иброз доштанд, ки «барои миллати тоҷик даҳшати ҷанги хунини шаҳрвандӣ фаромӯшнопазир аст ва ҳама хуб медонанд, ки Ваҳдати миллии мо бо муборизаҳои зиёд бо душманони миллат ба даст омадааст. Ҳарчанд ҳоло ҳам ҳисси бадбинӣ аз ҷониби душманони миллат эҳсос мегардад, аммо халқи дурандешу азиятдида, тавонистааст, ки сиёҳро аз сафед ба хубӣ фарқ ва роҳи дурусту зиндагии шоистаро барои худ интихоб намоянду арзиши олии осоиштагиро ҳифз кунанд ва бо андешаи баланду хотири ҷамъ дар зери офтоби тобони Ваҳдати миллӣ, ҳаёти осударо пеш баранд».
Дар ҳамоиш, ҳамчунон, иброз гашт, ки кӯшишу талошҳои гаронарзиши Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои қатъ кардани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон бенатиҷа намонд. Борҳо бо намояндагони мухолифини давлату ҳукумат сари як миз гирд омадану тақдири минбаъда ва ҳастии миллатро ҳал кардан ғолибияти бузургу беназири Пешвои муаззами миллат аст, ки бо ҳеҷ ганҷе қимматашро наметавон баркашид. Барқарор кардани сохти конститутсионӣ, сулҳу амният, устувор кардани пояҳои нозуки давлатдорӣ, ҳимоя ва ҳифзи ҳуқукҳои ҳар як шаҳрванд ва шурӯъ кардан ба ободиву созандагӣ, рафъ кардани харобиҳои ҷанги беамону бемаънӣ ва пасгардонидани ҳар як фирорӣ ба Ватан аз тасмимҳои ҷиддиву оҷилӣ гардид, ки имрӯз самараи шаҳдноки он барои ҳар як фард насиб гардидааст.
Дар давоми чорабинӣ кормандони Агентии Тоҷикстандарт низ бахшида ба аҳамияти ҷашни Ваҳдати миллӣ баромад карда, таъкид намуданд, ки ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон вазифадор аст, ки дар ҳифзи сулҳу субот ва таҳкими ваҳдати миллӣ саҳм гузорад. Танҳо дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва якдиливу иттиҳод метавонем рушду пешрафти минбаъдаи Тоҷикистони азизро таъмин намоем.