Ҷиҳати омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳри Роғун ва ҷамоатҳои деҳоти он бунёди иншооти гуногуни фарҳангию муассисаҳои иҷтимоӣ, роҳҳо, корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, махсусан, ободу зебо гардонидани маҳалли зист, хиёбонҳо, гулгашту майдонҳо ва дигар корҳои созандагӣ, идома доранд.
Агентии Тоҷикстандарт бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун ҳамкориҳои судмандро ба роҳ монда, дар ин замина тибқи нақша дар ҷамоату деҳоти шаҳр аз ҷониби роҳбари гурӯҳи корӣ мунтазам мулоқоту вохӯриҳо гузаронида мешавад.
Дар раванди вохӯрии навбатӣ роҳбари гурӯҳи корӣ - директори Агентии Тоҷикстандарт муҳтарам Раҳмон Исломиддин Хайриддин аз раванди корҳои ободонӣ ва сохтмони як қатор иншооти ҷашнӣ дидан намуда, дар ин замина дар доираи сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо масъулон ҷиҳати бо дастовардҳои меҳнатӣ пешвоз гирифтани ҷашни 28-солагии Ваҳдати миллӣ ва дар ин замина ободу зебо гардонидани маҳалҳо, ташкили шанбегию ҳашарҳои дастаҷамъона, сари вақт ва босифат ба анҷом расонидани корҳои ободонӣ, тозаю озода намудани маҳаллаҳои аҳолинишин, мушарраф шудан ба зиндагии шоистаю арзанда ва тавсияҳои судманд доданд.
Тавре мушоҳида мешавад, сокинони шаҳр Роғун бо шукргузорӣ аз амонии кишвар ва сиёсати бунёдкоронаву хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кору фаъолияти босамар дошта, баҳри амалӣ намудани корҳои ободонию пешрафти диёри худ, кӯшиш ба харҷ дода истодаанд.