Ҳамасола 20-уми май дар ҷаҳон Рӯзи ҷаҳонии метрология ҷашн гирифта мешавад. Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии метрология ва 150 - солагии Конвенсияи метрӣ дар мавзӯи «Ченкуниҳо барои тамоми давру замон ва тамоми башарият», дар Агентии Тоҷикстандарт конфронси илмӣ-назариявӣ доир гардид.
Конфронсро муовини директори Агентӣ Мансур Сафарзода ифтитоҳ карда, кормандонро бо ин санаи муҳим табрику таҳният гуфт. Сипас оид ба аҳамияти метрология дар ҳаёти ҳаррӯзаи инсон ва навгониҳое, ки дар ин соҳа ба миён омадааст, фикру ақидаи худро баён дошт. Таъкид гардид, ки кормандони Раёсати таъминоти метрологӣ ва воситаҳои ченак дар ин самт нақши муассир доранд ва барои дақиқу самаранок истифода бурдани ҳама гуна воситаҳои ченак барои аҳли ҷомеа саҳми арзандаи хешро мегузоранд.
Баъдан, табрикоти директори Бюрои байналмилалии ченаку вазнҳо (BIPM) Мартин Милтон ва президенти Созмони ҳамкориҳои Авру-Осиёии муассисаҳои давлатии метрологӣ (COOMET) Лазизбек Саидорипов ба таври маҷозӣ манзури иштирокчиён гардид. Онҳо аз фаъолияти пурсамари кормандони соҳа ва рушд ёфтану ҳамкориҳои назарраси Агентии Тоҷикстандарт изҳори қаноатмандӣ карда, кормандонро бо ин рӯзи касбӣ табрику таҳният гуфтанд.
Ҳамчунин, дар рафти конфронс устоди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Ҳусейн Гулмуродзода бо маърӯза дар мавзӯи «Тарзи нави ченкунии баромади массаи нахдор аз партовҳои корхонаи пахтатозакунӣ» ва устоди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ Даврон Бобоев бо маърӯзаи «Метрология дар давраи рушди барномаҳои ададӣ» ширкат карданд.
Дар ҳамоиш, инчунин, мутахассисони Раёсати таъминоти метрологӣ ва воситаҳои ченак аз таърихи қадимаи пайдоиши ченак ва воситаҳои ченкунӣ дар ҳаёти инсон маърӯзаҳои пурмуҳтаво манзур карданд.
Ҳамзамон, дар идома иброз гардид, ки омилҳои нави ченкунӣ ва таҷҳизоти муосири рақамӣ барои осону шаффоф ва дақиқ чен кардан дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти имрӯза муҳим аст. Истифодаи воситаҳои ченаки муосир эътимоднокиро баланд карда, раванди кору хизматрасониро барои аҳли ҷомеа хеле осону босуръат мекунад ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари ҳама пешрафту дастовардҳои башарият аз воситаҳои муосири ченак самаранок истифода мебарад. Инчунин, робитаи ҳамкорӣ бо созмону ташкилоти байналмилалӣ имкон медиҳад, ки дар ин самт муваффақиятҳои нав ба даст ояд ва барои рушду тараққиёт таъсири мусбӣ расонад.