ТАБРИКОТИ Директори Агентии Тоҷикстандарт, муҳтарам Раҳмон Исломиддин Хайриддин бахшида ба «Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ - 9 май»
Муҳтарам собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
ва ҳамватанони азиз!
Дар таърихи инсоният санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва бузургии онҳо боз зиёд мегардад. Рӯзи Ғалаба ҳам дар радифи ҳамин гуна санаҳои фаромӯшнашуданӣ боқӣ мемонад. Он барои тамоми инсоният, аз ҷумла мо, тоҷикистониён низ азиз ва гиромӣ аст. Ин рӯзро ба хотири арҷгузорӣ ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва заҳматкашони ақибгоҳ яке аз санаҳои муҳимми таърихӣ - Рӯзи ғалаба бар фашизм медонанд ва ин санаро тантанавор ҷашн мегиранд.
Дар солҳои 1941-1945 зиёда аз 300 ҳазор ҷанговарони Тоҷикистон дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва озод кардани халқҳои Аврупо аз фашистон диловарона ширкат варзида, аз худ қаҳрамониҳои бемислу монанд нишон додаанд. Онҳо барои дифоъ ва шарафу номуси мардуми худ дар сангарҳо муборизаи шуҷоатнок ва корнамоиҳои бузург нишон дода, зиёда аз 92 ҳазор нафарашон дар майдонҳои набард ҳалок шудаанд. Ба нишони қадрдонии далерию қаҳрамонӣ 54 нафар ҳамватанони мо бо унвони олии ифтихории Ватан - Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ, 21 нафар бо ордени “Шараф” ва зиёда аз 60 ҳазор нафар бо ордену медалҳо сарфароз шуданд.
Дар муҳорибаҳои шадид тоҷикистониён ҷасорату шуҷоати беҳамто нишон додаанд. Эҳсоси ватандӯстӣ ва мардонагӣ, шуҷоат ва қавииродагии родмардони Ватан намуна ва ифтихор мебошад. Дар ин робита, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон зикр намуданд, ки "Мо имрӯз ва минбаъд низ бо ифтихор хотирнишон мекунем, ки барои таъмини ғалабаи таърихӣ дар баробари ҳамаи халқҳое, ки бар зидди истибдоди фашистӣ мубориза бурдаанд, ҷавонмардони бонангу номуси Тоҷикистон низ саҳми сазовор гузоштаанд".
Мо мақсаду мароми асосии худро баҳри бунёдкорӣ ва созандагии Тоҷикистони азиз қарор дода, кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки сазовори номи фарзанди фарзонаи миллат ва халқ бошем. Бигузор ҷавонони ояндаи Тоҷикистон бо чунин ҳисси бузурги ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори миллӣ қуваи худро танҳо барои ободӣ ва пешравии Ватани хеш сарф намоянд.
Таҷлили ҳамасолаи Рӯзи Ғалаба ба аҳли башар бори дигар собит месозад, ки мустаҳкам намудани дӯстиву ҳамкорӣ ва робитаҳои неку созандаи халқу давлатҳои гуногун омили асосии таъмин намудани сулҳу суботи сайёра, рушди давлату халқҳои ҷаҳон ва рӯзгори орому осудаи мардуми олам буда, инсоният танҳо бо саъю талоши муштарак метавонад бар зидди ҳама гуна неруҳои бадхоҳ истодагарӣ намояд.
Бо чунин ниятҳои нек рӯзи Ғалабаро ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва дар симои онҳо кулли мардуми Тоҷикистони азизро ба муносибати Ҷашни 80-умин солгарди «Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ»-ро муборакбод намуда, таманнои онро дорем, ки дар Ватани мо тинҷиву амонӣ ҳукумфармо бошад ва кули мардуми шарифи Тоҷикистони азиз ҳамеша сарбаланду хонаобод ва тансиҳату комёб бошанд.
Иди зафар муборак бошад!
Бо эҳтиром,
Директори
Агентии Тоҷикстандарт,
Раҳмон Исломиддин Хайриддин