5-уми майи соли ҷорӣ, дар бинои Агентии Тоҷикстандарт бо иштироки муовинон, роҳбарони марказҳо ва раёсатҳои минтақавӣ, сардорони раёсату сохторҳои марказӣ ҷаласаи кории назди директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар раванди ҷаласа, директори Агентии Тоҷикстандарт, муҳтарам Раҳмон Исломиддин Хайриддин фаъолияти сохторҳои дастгоҳи марказӣ ва раёсату марказҳои вилоятӣ ва минтақавии Агентиро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.
Ҳамчунин, дар доираи иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар ин замина барои баланд бардоштани нуфузу эътибори мақомот, такмил додани қонунҳои соҳавӣ ва фаъолияти сохторҳо бо дарназардошти талаботи замони муосир, аз ҷумла, озмоишгоҳҳо, инчунин, ҷалби мутахассисони касбӣ ба соҳа, бозомӯзии кормандон, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, риояи одоби хизмати давлатӣ, интизоми меҳнат, ҳамзамон, бо дасту дили пок ва ба манфиати давлату миллат фаъолият намудан, дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.