Дастовард ҶОИЗА МУБОРАК АГЕНТИИ ТОҶИКСТАНДАРТ!
Боиси ифтихору сарафрозист, ки Агентии Тоҷикстандарт дар миёни вазорату идораҳо дар Озмуни шаҳрии «Китобхонаи беҳтарин» ҷойи аввалро соҳиб шуда, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, бо диплом ва мукофоти пулӣ сарфароз гардонида шуд. Маросими супоридани ҷоизаҳо дар санаи таҷлили Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар «Кохи Суруш», баргузор гардид.
Ёдовар бояд шуд, ки дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе шурӯъ аз соли 2021 ҳар сол дар ҳудуди шаҳри Душанбе Озмуни шаҳрии «Китобхонаи беҳтарин» баргузор мегардад. Дар соли 2024 китобхонаи Агентии Тоҷикстандарт бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ ба озмуни мазкур пешбарӣ гардида, сазовори ҷоизаи баланд гардид. Озмун дар ду давр баргузор гардида буд ва китобхонаи Агентӣ бо имкониятҳои фароҳамдоштаву ҷавобгӯ будан ба талаботи шартҳои озмун сазовори ҷойи якум гардид.
Озмуни шаҳрии «Китобхонаи беҳтарин» тибқи низомномаи Озмун аз рӯйи 4 бахш: Китобхонаи беҳтарин оммавӣ, китобхонаи беҳтарини илмӣ-соҳавӣ, китобхонаи беҳтарини идоравӣ ва китобхонаи беҳтарини оилавӣ роҳандозӣ гардида, ҷиҳати ҷалби мутахассисони соҳаи китобдорӣ ба китобхонаҳо, оммавигардонии мутолиа, ҳисси зебоипарастӣ, ватандӯстӣ, ахлоқ ва тақвияти зеҳниву маънавии сокинони пойтахт, рушди соҳаи иҷтимоӣ, завқи баланди китобхониву китобдорӣ, баланд бардоштани маърифатнокии аҳолӣ, рӯ овардан ба фарҳанги асили ниёгон ва фарҳанги шаҳрдорӣ нақши муассир мегузорад.