НАТИҶАГИРӢ аз фаъолияти Агентии Тоҷикстандарт дар 3 моҳи якуми соли ҷорӣ
Имрӯз, дар бинои Агентии Тоҷикстандарт ҷаласаи мушовараи ҷамъбасти фаъолияти Агентӣ дар 3 моҳаи якуми соли 2025 баргузор гардид. Дар ҷаласа роҳбарият, кормандони дастгоҳи марказӣ ва сардорони раёсату марказҳои вилоятию минтақавии Агентӣ иштирок карданд.
Тибқи рӯзномаи ҷаласа фаъолияти Агентии стандартизатсия, метрология, сертифкатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 3 моҳи аввалаи соли 2025 натиҷагирӣ шуда, инчунин, вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда муайян карда шуданд.
Дар раванди ҷаласа, аз ҷумла, самтҳои фаъолияти раёсату марказҳои зерсохтор ҷиҳати ҳимояи бозори истеъмолӣ, назорати давлатии воситаҳои ченак, корбурди озмоишгоҳҳои ташхиси маҳсулоти хӯрокворӣ ва сертификаткунонии молу маҳсулот, мусоидат ба содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар паҳлуҳои соҳа дар алоҳидагӣ мавриди таҳлил қарор гирифта, аз масъулини соҳа пурсида шуда, ҳамчунин, ҷиҳати ба танзим даровардани фаъолияти корӣ супоришҳо дода шуд.
Ҳамзамон, муовинони директор, сардорони раёсатҳо, роҳбарони марказҳои вилоятию минтақавии Агентӣ вазифадор карда шуданд, ки оид ба камбудиҳои ҷойдошта нақша-чорабиниҳо тартиб дода, ҷиҳати бартараф намудани онҳо дар фаъолияти минбаъда тадбирҳои амалӣ андешанд.
Бо дарназардошти такмили ихтисоси мутахассисон, ҳамзамон, таъкид карда шуд, ки сардорони раёсатҳо, роҳбарони марказҳои зертобеъ ба худомӯзии санаду ҳуҷҷатҳои меъёрӣ, қонунҳои амалкунанда ва дигар дастуру нишондодҳои соҳа, бахусус Регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиддӣ машғул шуда, бо ташкили дарсҳои омӯзишӣ савияи касбии мутахассисонро мунтазам баланд бардоранд.
(Тафсилоти бештар дар шумораи навбатии рӯзномаи соҳавии “СТАНДАРТ”)