4 декабри соли 2024 дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб Ҳамоиши байналмилалии тиҷорати электронӣ “WORLDDEF-Dubai 2024”, кори худро оғоз намуд. Чорабинии мазкур майдони сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, ҳамасола дар кори он беш аз 5000 ширкатҳои байналмиллалӣ бо 240 павилион аз давлатҳои гуногун ширкат меварзанд.
Директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддинзода Баҳриддин дар кори Ҳамоиши мазкур иштирок ва суханронӣ карда, мухтасар дар бораи сохтори иқтисоди миллӣ ва бартариҳои рақобатпазирии он дар низоми савдои байналмилалӣ, ҷараёни ислоҳоти иқтисодӣ ҷиҳати фароҳам овардани фазои мусоиди соҳибкорӣ ва ҳавасмандгардонии иқтисодӣ, ки ба ҷалби сармоя ба бахшҳои афзалиятноки иқтисодиёт нигаронида шудаанд, маълумот доданд.
Қайд гардид, ки Тоҷикистон дорои зарфияту имкониятҳои зиёди сармоягузорӣ буда, соҳаҳои энергияи сабз, саноати маъдан, хӯрокворӣ, мошинсозӣ, металлургия, дорусозӣ, истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ, сайёҳӣ, рақамикунонӣ ва ғайра имконоти зиёдеро барои сармоягузорӣ дорро мебошад. Ин имконоту зарфият дар якҷоягӣ бо кафолату имтиёзҳои барои сармоягузорон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодшаванда, инчунин афзоиши талабот дар бозорҳои дохилӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ шароити хубро барои сармоягузорони хориҷӣ муҳайё менамояд.
Ҳамзамон, таъкид карда шуд, ки бо мақсади тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб доир ба татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ ва иҷтимоӣ, тавлиди энергияи сабз, рақамикунонӣ ва ҷалби сармояи мустақим, ҷиҳати таъсиси марказҳои логистикӣ ва ташкили корхонаҳои муштарак дар самти коркард намудани маҳсулоти кишоварзӣ ба мақсад мувофиқ мебошад.
Дар Намоишгоҳи “WORLDDEF-Dubai 2024”, баҳри муаррифии имкониятҳои истеҳсолӣ ва содиротии ҷумҳурӣ, тақвияти истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда, баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ ва густариши муносибатҳои тиҷоратии харидорону содироткунандагон Павилиони миллии Тоҷикистон ташкил карда шуда, дар он беш аз 300 намуди маҳсулоти саноатию кишоварзӣ ба намоиш гузошта шуд.
Иштирокчиёни Намоишгоҳ дар Павилиони Тоҷикистон аз маҳсулоти саноативу кишоварзӣ, иқтидорҳои истеҳсолии мавҷуда ва имкониятҳои содиротии ҷумҳурӣ аз наздик шинос шуданд, ки барои дар оянда боз ҳам васеъ гардидани бозорҳои фурӯши молу маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистон дар хориҷи кишвар мусоидат хоҳад намуд.
Дар баробари ин, меҳмонон бо хусусиятҳои хоси ҳар як маҳсулоти Тоҷикистон, аз ҷумла мазза, тамъ, шаҳдборӣ ва дигар сифати меваҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон шиносоӣ пайдо намуда, ба онҳо баҳои баланд доданд. Дар ин радиф, ба иштирокчиён доир ба ҳаҷм, миқдор, имконияти истеҳсолӣ ва содиротӣ, мавсими пухта расидан ва ҷамъоварии маҳсулоти мазкур маълумот манзур карда шуд.