17-18 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон Форуми байналмилалии сармоягузорӣ-содиротии «Хатлон Инвест ва Намоишгоҳи Бохтар Фуд-2024» баргузор мегардад.
Чорабиниҳо аз ҷониби Агентии содирот ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо мақсади тавсеаи ҳамкорӣ ва густариши муносибатҳои тиҷоратии соҳибкорони ватанӣ ва хориҷӣ, муаррифии имкониятҳои сармоягузорӣ ва содиротии Тоҷикистон, ҷалби таваҷҷуҳи сармоягузорони хориҷӣ, созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва роҳбарони ширкатҳои бузург ба имкониятҳои сармоягузории вилояти Хатлон ва тақвияти истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда гузаронида мешавад.
Ҳамзамон, дар доираи Форум ба имзорасонии созишномаву шартномаҳои ҳамкорӣ ба нақша гирифта шудааст, ки ин ба содироти маҳсулоти ватанӣ ва роҳ ёфтан ба бозорҳои нави фурӯши маҳсулоти содиротӣ мусоидат менамояд.
Намоишгоҳи Бохтар Фуд-2024, ки дар он маҳсулоти саноатию кишоварзӣ пешниҳод мегардад, ба иштирокчиён ва меҳмонон имкон медиҳад, ки аз наздик бо ин маҳсулотҳо шиносоӣ пайдо намоянд.
Инчунин, дар доираи кори Форум ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон», ки аз ҷониби Агентии содирот якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор ва шарикони рушд гузаронида шуд, ҷоизаи озмун супорида мешавад.