Имрӯз 6 марти соли 2026 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо иштироки муовини якуми раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин - Абдуллозода Ҷалолхон дар доираи таҷлил аз Рӯзи модар як қаттор занону бонувони фаъол, собиқадорон ва кормандони касбу кори гуногун бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Дар оғоз муовини якуми раиси ноҳия Абдуллозода Ҷалолхон ҳамаи иштирокчиёнро ба муносибати Рӯзи модар, ки ба оғози фасли некӯи сол баҳори ҳуҷастапай рост омадааст, табрику шодбош намуда, барояшон тансиҳативу саодатмандӣ ва бахту иқболи баландро таманно намуданд.
Зикр карда шуд, ки давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо масъалаи баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеа диққати хос зоҳир намуда, бо ин мақсад ҷиҳати иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсию ҷамъиятии кишвар Стратегияву Барномаҳои муҳимро қабул намуданд