АРҶГУЗОРӢ БА ҲОМИЁНИ ВАТАН
19 феврали соли 2026 ба ифтихори 33-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин чорабинии бошукӯҳи тантанавӣ баргузор гардид, ки дар фазои баланди эҳсоси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва арҷгузорӣ ба хизмати содиқонаи ҳомиёни Ватан ҷараён гирифт.
Дар чорабинӣ раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, кормандону фаъолон иштирок намуданд.
Чорабинии тантанавӣ бо садо додани суруди миллӣ оғоз ёфт.
Раиси ноҳия муҳтарам Гулзода Зафар Шамсуддин зимни суханронии худ ҳозирин ва дар симои онҳо кулли сокинони ноҳияро ба муносибати Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуда, таъкид кард, ки Қувваҳои мусаллаҳ ҳамчун сутуни устувори давлатдории миллӣ ва кафили амнияту суботи ҷомеа дар ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, тамомияти арзӣ ва оромии шаҳрвандон нақши сарнавиштсоз доранд. Зикр гардид, ки сиёсати оқилона ва дурбинонаи роҳбарияти олии давлат дар самти таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар имкон фароҳам овардааст, то артиши миллӣ ба неруи муосир, қудратманд ва боэътимод табдил ёбад.
Дар идомаи чорабинӣ, як қатор кормандону собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ бо сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ барномаи таҳиянамудаи аҳли фарҳанги ноҳия манзури иштирокчиён гардонида шуд.