17 феврали соли 2026, дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и ноҳияи Шамсиддин Шоҳмн бо иштироки раиси ноҳия Гулзода Зафар Шамсуддин, прокурори ноҳия- Холиқзода Абдулфайз, раиси суди ноҳия- Иброҳимзода Дурандеш, сардори шуъбаи дар ноҳиябудаи РКДАМҶТ дар вилояти Хатлон Назокатов Пайрав, сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия Тағойзода Сафаралӣ Хол вохӯрии муҳим ва судманд бо сокинони деҳаи Даҳбеди Ҷамоати деҳоти Теҳрай баргузор гардид.
Дар оғоз, раиси ноҳия Гулзода Зафар Шамсуддин аҳамияти чунин мулоқотҳоро барои фаҳмонидани сиёсати давлат ва ҷалби сокинон ба корҳои созандагӣ, ободонӣ ва ҳамгироии ҷомеа бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ таъкид намуд.
Дар оғоз мавсуф роҷеъ ба Паёми навбатии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори назар намуда, сокинонро бо меҳнати ҳалолу корҳои ободонӣ ҳидоят намуданд.
Таъкид гардид, ки ҳамкории зичи сохторҳои давлатӣ бо ҷомеа, саҳмгузории фаъолонаи сокинон, татбиқи қатъии қонун барои рушди босуботи ноҳия, таъмини оромӣ ва амният аҳамияти калон дорад. Ҳар фарди бедордил ва масъулиятшинос бо иштироки фаъолона дар корҳои созандагӣ ва риояи қонун метавонад нақши муҳим дар рушди устувори ноҳия ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии сокинон дошта бошад.
Дар ҷараёни вохӯрӣ раиси ноҳия ба мавзуъҳои муҳими рӯз, аз ҷумла омодагӣ ба ҷашнҳои Наврӯзи байналмилалӣ ва 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, ободонию созандагӣ, шинонидани дарахтони ҳамешасабз ва гулу буттаҳо, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва таълимоти ғайрирасмии динӣ, инчунин пешгирии ҷинояткорӣ, хусусан байни ноболиғон ва ҷавонон, истифодаи самараноки замин ва дигар масъалаҳои муҳим андешаронӣ намуданд.
Сипас, прокурори ноҳия Холиқзода Абдулфайз доир ба мавзӯи экстремзм ва терроризм, хурофотпарастӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, истифодаи мақсадноки қувваи барқ суханронӣ карданд.
Дар идомаи вохӯрӣ раиси суди ноҳия Иброҳимзода Дурандеш баромад намуда, масъалаи мубориза бо шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва мамнуъ, таълимоти ғайрирасмии динӣ, инчунин пешгирии ҷинояткорӣ, хусусан миёни ноболиғонро дар меҳвари суханрониаш қарор дод.
Гуфта шуд, ки танҳо бо саъю кӯшиши муштараки ҷомеа ва ҳамоҳангии мақомоти дахлдор метавон аз чунин зуҳуроти номатлуб ҷилавгирӣ кард.
Назокатов Пайрав-сардори шуъбаи дар ноҳиябудаи РКДАМҶТ дар вилояти Хатлон дар ҷараёни суханронӣ оиди муқовимат ба экстремизм ва террооизм, инчунин, пешгирии падидаҳои номатлуб аз қабили ифротгароӣ, таълимоти ғайриқонунии динӣ, хурофотпарастӣ, ёдовар шуда, аз ширкатдорон ҳамкориро дар ин самт хоҳиш намуд.
Ӯ инчунин оид ба дарёфти роҳҳои муборизаи дастаҷамъона бар зидди ҳама гуна зуҳуроти зидди ҷамъиятӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, ҷалби ҷавонони синни даъватӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ, хотима бахшидан ба бегонапарастӣ, амалӣ намудани корҳои созандагию бунёдкорӣ, таблиғу ташвиқи моҳияти ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, таъмини ваҳдати миллӣ ва бо ҳамин роҳ саҳм гузоштан дар раванди давлатдорӣ изҳори андеша намуд. Таъкид гардид, ки дар руҳияи хештаншиносиву ватандорӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ таълиму тарбия намудани насли ҷавон, аз ҳамагон масъулияти ҷиддӣ талаб мекунад. Вобаста ба ин, бояд ҳар як нафар барои тарбияи насли ҷавон саҳми худро гузоранд, зеро воқеан ояндаи дурахшони давлату миллат аз ҷавонон вобастагии калон дорад