Бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро ва таҳкими амнияти миллӣ, бо ибтикори прокуратураи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бо экстремизми хушунатомез, ки метавонад замина барои терроризм гардад дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҳамоиши бошукуҳ баргузор гардид.
Дар ҳамоиш намояндагони мақомоти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ, омӯзгорон, ҷавонон, имомхатибон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд.
Чорабиниро муовни раиси ноҳия Маҳмудзода Муслиҳиддин оғоз бахшида, мақсаду моҳияти чорабиниро тавзеҳ дод.
Сипас прокурори ноҳия Холиқзода Абдулфайз ва раиси суди ноҳия Иброҳимзода Дурандеш баромад намуда, қайд намуданд, ки экстремизми хушунатомез яке аз таҳдидҳои ҷиддии замони муосир буда, мубориза бо он вазифаи умумии тамоми ҷомеа мебошад.
Зимни суханронӣ баромадкунандагон оид ба сабабҳои пайдоиши экстремизм,роҳҳои пешгирии он, нақши ҷавонон дар ҳифзи сулҳу субот, таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ дар паҳншавии андешаҳои ифротӣ маърӯзаҳои таҳлилӣ пешниҳод карданд.
Ҳамоиш бо қабули тавсияҳо, даъват ба сулҳу ваҳдат, тақвияти корҳои ободонӣ, ҳифзи марзу бум ҷамъбаст гардид