Ҳифзи Ватан барои ҳар як фарди худогоҳ ва ватандӯст на танҳо вазифаи шаҳрвандӣ, балки қарзи имонӣ ва виҷдонист. Таърих гувоҳ аст, ки миллати тоҷик ҳамеша бо қаҳрамонони худ, ки дар лаҳзаҳои душвор синаи худро сипар кардаанд, ифтихор мекунад.
Дар замони муосир, ки башарият дар давраи ҷаҳонишавии бошиддат қарор дорад, муҳофизати марзу бум заминаи асосии ҳаёти осоиштаи ба ҳисоб меравад. Ва танҳо бо нерӯи муқтадири дифоӣ метавон оромии кишварро аз таҳдидҳои беруна ҳимоя кард.
Имрӯз мо аз он шодем маҳз бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтидори мудофиавии мамлакат рӯз аз рӯз беҳтар гардида, барои беҳтар намудани шароити хизматии онҳо тамоми чораҳои лозима рӯи даст гирифта шудааст.
Дар баробари ин, хизмати мақомоти амният ва Қушунҳои сарҳадии кишвар дар таъмини Истиқлоли давлатӣ ва ҳимояи марзу буми кишвар шоистаи таҳсину офарин аст. Маҳз хизматҳои бесобиқаи ин ниҳод аст, ки сарҳади давлатӣ ором ва сокинон дар муҳити осоишта зиндагӣ ва фаъолият намуда истодаанд.
Ҳодисаҳои пай дар пайи чанд рӯзи охир дар сарҳади давлатӣ ба вуқуъ омада, бори дигар собит намуд, ки дар воқеъ сарҳадбонони мо чун родмардони шуҷои Ватан омодаанд дар ҳама ҳолат амнияти сарҳадии давлатро таъмин ва нақшаву ниятҳои нопоки душманони миллат ва қочоқбарону сарҳадшиканонро маҳв сохта, барои кирдори ношоистаашон ҷавоби муносиб гардонанд. Бояд қайд намуд, ки ҳар як корнамоии сарбозони Ватан ҳамеша дастури роҳнамоии ҳар як сокини мамлакат ба ҳисоб меравад. Зеро ҳамаи мо ворисони Куруши Кабиру Спитамен ва Темурмалики ҷасур ҳастем ва ҳифзи хоки пок Ватан идомаи роҳи ҳар яки мост. Зеро имрӯз ҳифз кардани Ватан маънои таъмин кардани ояндаи дурахшони фарзандони моро дорад.
Фаридун Раҳмониён-мудири бахши рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин