ИДОМАИ УСУЛҲОИ "МАКТАБ БА МАКТАБ" - ТАҶДИДИ КОРҲОИ ИДЕОЛОГӢ ВА ТАРҒИБОТӢ
Бо ҳадафи таҳкими корҳои тарғиботӣ, боло бурдани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва муттаҳид сохтани ҷомеа дар фазои созандагиву ободкорӣ, масъулони бахшҳои идеологӣ ва иҷтимоии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар…
Бо ҳадафи таҳкими корҳои тарғиботӣ, боло бурдани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва муттаҳид сохтани ҷомеа дар фазои созандагиву ободкорӣ, масъулони бахшҳои идеологӣ ва иҷтимоии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳия вохӯрии навбатӣ баргузор намуданд.
Дар ҷараёни суҳбат масъулин ба мавзӯъҳои муҳими ҷамъиятиву фарҳангӣ, аз ҷумла риояи қонунгузорӣ, таҳкими тафаккури ҳуқуқӣ дар ҷомеа, боло бурдани ҳисси худшиносиву ватандӯстии ҷавонон, ҷилавгирӣ аз амалҳои номатлуби иҷтимоӣ ва тарғиби ғояҳои созанда, таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.
Суҳбат дар шакли озоду самимӣ ҷараён гирифта, иштирокдорон тавонистанд андеша, пешниҳод ва мушкилоти мавҷударо баён