Имрӯз мамлакатҳои рӯ ба рушди ҷаҳон босуръат ба сӯи рақамикунонии ҳамаи соҳаҳои ҳаётан муҳим қадамҳои устувор мегузоранд. Технологияҳои муосири рақамӣ дар фаъолияти ҳамарӯзаи инсоният, инчунин ба тағйирёбии шаклҳои нави истеҳсолӣ ва истифодаи самараноки захираҳоро тадриҷан дигар мекунад. Дар ин замина, Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ҳамаи соҳаҳои муҳими иқтисодӣ равандҳои истифодаи васеи технологияҳои рақамиро ҷорӣ намуда, ин раванд дар соҳаи кишоварзӣ дар марҳилаи ибтидоӣ ва зинаҳои асосии бунёдӣ қарор дорад.
Дар ҷумҳурӣ 186,4 ҳазор хоҷагї фаъолият намуда, зиѐда аз 60%-и аҳолиро бо шуғл таъмин карда, саҳми соҳаи кишоварзӣ дар маҷмуи маҳсулоти дохилӣ тақрибан 23% ва 20%-и ҳаҷми содироти мамлакатро ташкил медиҳад.
Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар соли 2025 ба 84,7 миллиард сомонӣ расида, нисбат ба соли 2024 9,5% афзоиш ёфтааст. Бо мақсади таъмини бозорҳои истеъмолии кишвар ва содироти маҳсулот дар соли 2025 кишти зироатҳои кишоварзӣ дар майдони 843,6 ҳазор гектар гузаронида шуда, ғалладонагиҳо 375,7 ҳазор гектар, зироатҳои техникӣ 198,2 ҳазор гектар, картошка 64,3 ҳазор гектар, сабзавот 69,7 ҳазор гектар, полезӣ 23,2 ҳазор гектар ва зироатҳои хӯроки чорво 112,4 ҳазор гектарро дар бар мегирад.
Дар доираи ҷорӣ намудани технологияҳои муосиру инноватсионӣ дар равандҳои фаъолияти истеҳсолӣ ҷиҳати таъмини бозорҳои дохилӣ ва содирот ба хориҷи мамлакат 1,8 миллион тонна ғалладона, 382,9 ҳазор тонна пахта, 1,3 миллион тонна картошка, 3,4 миллион тонна сабзавот, 1,3 миллион тонна полизӣ, 954,3 ҳазор тонна мева ва 346, ҳазор тонна ангур истеҳсол карда шуд.
Ҷиҳати истифодаи самаранок ва оқилонаи заминҳои корами обӣ ва гирифтани ду се ҳосил дар соли 2025, кишти такрории зироатҳо дар майдони 200 ҳазор гектар анҷом дода шуда, дар натиҷа тақрибан 1,5 миллион тонна маҳсулотҳои гуногун истеҳсол карда шуд.
Инчунин, истеҳсоли гўшт ба 454,3 ҳазор тонна, шир 1,2 миллион тонна, тухм 1,4 миллиард дона, асал 3846 тонна ва моҳӣ 5576 тонна расидааст.
Дар баробари таъмини бозорҳои истеъмолии дохилӣ тамоюли афзоиши содироти маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи Тоҷикистон ба таъсиси бренди миллии баландрақобат ва баромадан ба бозорҳои муътамади ҷаҳонӣ нигаронида шуд. Ин 267 иқдом на танҳо боиси афзоиши арзиши иловашуда гардид, балки рушди устувори иқтисоди «сабз»-ро дар минтақаҳои кишоварзии кишвар тақвият бахшид. Дар соли 2025 аз ҷумҳурӣ ба хориҷи кишвар 190508 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба маблағи 79,2 миллион доллари ИМА содирот гардид. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли қаблӣ аз рӯи ҳаҷм 13,5 фоиз (22 683 тонна) ва аз рӯи маблағ 39,7 фоиз (22,5 млн доллар) афзудааст, ки ин аз афзоиши сифат ва арзиши маҳсулоти кишоварзӣ шаҳодат медиҳад. Яке аз заминаҳои асосии афзоиши маҳсулот, ба даст овардани ҳосилнокӣ ва маҳсулнокӣ истифодаи усулҳои инноватсионӣ ва технологияҳои муосиру рақамӣ дар соҳаи кишоварзӣ мебошад.
Ҷадвали 1. Нишондиҳандаҳои асосии соҳаи кишоварзӣ дар соли 2025
|
Маҷмӯи умумии кишоварзӣ 84,9 миллиард сомонӣ |
||||
|
Растанипарварӣ 56,5 млрд сомонӣ |
Чорвопарварӣ 28 млрд сомонӣ |
|||
|
Нишондиҳандаҳои истеҳсоли баъзе аз маҳсулотҳо |
||||
|
№ |
номгуй |
воҳид |
номгуй |
воҳид |
|
1 |
Ғалладонагиҳо |
1740539 тонна |
Гӯшт |
454335 тонна |
|
2 |
Пахта |
382945 тонна |
Шир |
1206677 тонна |
|
3 |
Картошка |
1332535 тонна |
Тухм |
1419309 ҳазор дона |
|
4 |
Сабзавот |
3377903 тонна |
Асал |
3846 тонна |
|
5 |
Полизӣ |
1254421 тонна |
Моҳидорӣ |
5576 тонна |
|
6 |
Меваҷот |
954350 тонна |
|
|
|
7 |
Ангур |
346059 тонна |
||
|
Содирот |
||||
|
Ҳаҷми маҳсулоти содиротшуда 190508 тонна |
Арзиши маҳсулоти содиротшуда 79,2 миллион доллар |
|||
Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегӣ - таъмини амнияти озуқаворӣ, рушди инноватсиониву рақамикунонӣ дар баробари дигар барномаҳои давлатӣ, як қатор барномаҳои соҳавӣ, аз ҷумла Консепсияи пешрафти инноватсионии комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи рушди соҳаи механиконии инноватсионии кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029, Барномаи рақамикунонии соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029 ва Барномаи амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 қабул гардидааст. Ин санадҳои ҳуқуқӣ на танҳо як барнома, балки яке аз заминаҳои асосӣ ва як муҳаррик ба рушди соҳа ва таъмини амнияти озуқаворӣ равона шудааст.
Ҷадвали 2. Номгӯи барномаҳои давлатӣ барои рушди кишоварзии инноватсионӣ ва рақамӣ қабулгардида
| № | Барнома | Ҳадафи асосии қабули барнома |
|---|---|---|
| 1 | Консепсияи пешрафти инноватсионии комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.03.2014, №144) | Такмили фаъолияти комплекси агросаноатӣ ва баланд бардоштани суръати афзоиши истеҳсолот дар асоси инноватсия, баланд бардоштани самаранокии иқтисодӣ ва рақобатпазирии маҳсулоти истеҳсолкунандагони ватанӣ, инчунин таъмини амнияти озуқавории мамлакат. |
| 2 | Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.12.2019, №642) | Муайян намудани дурнамои истифодаи технологияҳои муосири рақамӣ барои таъмини рушди дарозмуддати кишвар, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, табдил додани кишвар ба давлати транзитӣ, саноатикунонии босуръат ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ. |
| 3 | Барномаи рушди соҳаи механиконии инноватсионии кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025–2029 (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.11.2024, №624) | Амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар самти рушди механиконии кишоварзӣ тавассути ворид намудани техника ва мошинолоти муосири кишоварзӣ, таъмини хоҷагиҳо бо техника, барқарорсозии иқтидори истеҳсолию техникӣ, таҷдиди паркҳои техникаву мошинолот, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва мутобиқ намудани фаъолияти кишоварзӣ ба стандартҳои байналмилалӣ. |
| 4 | Барномаи рақамикунонии соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025–2029 (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.05.2025, №334) | Таҳия ва татбиқи маҷмӯи тадбирҳо оид ба рақамикунонии соҳаи кишоварзӣ, арзёбии вазъи кунунии кишоварзии рақамӣ, муайян намудани мушкилот ва имкониятҳои асосӣ, инчунин суръат бахшидан ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва рушди деҳот. |
| 5 | Барномаи амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.08.2025, №429) | Таъмини амнияти озуқавории кишвар, беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба озуқаворӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои озуқаворӣ, баланд бардоштани устувории низоми таъминоти озуқаворӣ ва мусоидат ба амалисозии ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030. |
Ҳадафи асосии ҷорӣ намудани кишоварзии инноватсионӣ ва рақамӣ чист, чаро он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳим арзёбӣ карда мешавад. Зеро соҳаи кишоварзӣ аз давраҳои қадим то ҳол сар то сари ҷаҳон дар баробари таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти озуқа яке аз манбаи асосии иқтисодӣ, таъмини аҳолӣ бо ҷойи корӣ ва корхонаҳои коркард бо ашёи хом мебошад. Мақсади ба роҳ мондани кишоварзии инноватсионӣ ва рақамӣ мутобиқсозии соҳа ба тағйирёбии иқлим, баланд бардоштани самаранокӣ то 30%, рақобатпазирии маҳсулоти истеҳсолшуда, истифодаи оқилонаи захираҳо, кам кардани арзиши аслии истеҳсоли маҳсулот ва хароҷот то 20%, пешгирии талафоти маҳсулот ва таъмини занҷираи истеҳсолӣ мебошад.
Бо вуҷуди талошҳои пайваста, дастгирҳои давлатӣ, бахши хусусӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва шариконӣ рушд барои таъмини рушди босуботи соҳаи кишоварзӣ дар ҷаҳон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз мушкилоти асосӣ, ин тағйирёбии иқлим ва вобастагӣ доштани соҳаи кишоварзӣ аз обу ҳаво яке аз муаммои ҳамешагӣ боқӣ мемонад.
Имрӯз истифодаи инноватсия, технологияҳои муосир ва рақамӣ тавонист дар ҷаҳон то андозае барои мутобиқшавии соҳаи кишоварзӣ ба тағйирѐбии иқлим ва бартарафсозии мушкилот кӯмак кунад. Мақсад ва ҳадафҳои асосии қабули барномаҳои давлатӣ тағйир додани кишоварзии анъанавӣ ба соҳаи рақобатпазир ва устувор тавассути истифодаи дониш, инноватсия ва технологияҳои рақамӣ мебошад.
Маҳз дар заминаи татбиқи барномаҳои соҳавии қабулгардида, рушди инфрасохтори соҳаи кишоварзӣ, ҷорӣ намудани инноватсия, рақамикунонӣ дар минтақаҳои дурдасти мамлакат, баланд бардоштани савияи дониши кишоварзон ва мутобиқсозии соҳа ба тағйирёбии иқлим тариқи истифодаи технологияҳои муосир барои идоракунии оқилонаи захираҳои об ва замин таъмин карда мешавад.
Ҳоло яке аз санадҳои муҳим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ба ҳисоб рафта, он ҳамчун ҳуҷҷати роҳнамо барои рушди минбаъдаи тамоми соҳаҳои мамлакат буда, ҷиҳати бартараф намудани мушкилотҳои мавҷуда дар бахшҳои мухталифи иқтисодиёт ва рушди самаранокии соҳаҳо, аз ҷумла соҳаи кишоварзиро муайян месозад.
Солҳои охир дар ҷаҳон ба иқтисоди рақамӣ, рақамикунонии соҳаҳо, истифодаи васеи технологияҳо ва зеҳни сунъӣ дар мамлакатҳои мутараққӣ таваҷҷуҳи махсус дода шудааст. Қабули барномаҳои мушаххас ба рушду тараққиёт ва идоракунии минбаъдаи соҳаҳо замина гузошта, татбиқи ин равандҳо барои беҳтар намудани самти фаъолият ва устувории соҳаҳо ба маротиб таъсири мусбии худро расонида истодааст.
Яке аз ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин таъмини амнияти озуқаворӣ буда, сиёсати давлатӣ дар самти маблағгузорӣ, ҷалби сармояи хориҷиву ватанӣ ва ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ равона гардида, ба раванди рушди инноватсионии соҳаи кишоварзӣ нақши муассир мебозад. Истифодаи равандҳои муосир, аз қабили технологияҳои коммуникатсиониву иттилоотӣ, интернет ва дигар техникаву таҷҳизотҳо дар истеҳсолоти соҳаи кишоварзӣ ҳоло ба андозаи начандон васеъ ба роҳ монда шудааст. Дар ин замина сатҳи истеҳсолӣ ва самаранокӣ паст буда, истифодаи пурраи иқтидори соҳа ба роҳ монда нашудааст. Заминаи асосии рушд, истифодаи пурраи иқтидори соҳа ва гузариш ба кишоварзии инноватсионӣ ва рақамӣ, на танҳо истеҳсолоти соҳаро афзун менамояд, балки ба ваъзи молии хоҷагиҳо ва иқтисодиёти ҷумҳурӣ таъсири мусбати худро мерасонад.
Ҳоло ҷиҳати муайян намудани рушди минбаъдаи мамлакат Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 қабул гардида, дар баробари рушди дигар соҳаҳо, аз ҷумла рушди соҳаи кишоварзӣ, афзоиши маҷмуи маҳсулоти кишоварзӣ ва саҳми он дар ММД то соли 2030 ба 122,8 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Маҳз барои расидан ба ин нишондод зарурати ба роҳ мондани кишоварзии инноватсионӣ ва рақамӣ зарур шуморида мешавад.
Дар шароити рушди босуръати технологияҳо ва зарурати баланд бардоштани самаранокии истеҳсолоти кишоварзӣ, инноватсия ва рақамикунонии соҳа яке аз афзалиятҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Кишоварзии инноватсионӣ ва рақамӣ на танҳо як навоварӣ дар раванди истеҳсолот, балки як ниёзи стратегӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ мебошад. Он дар мутобиқсозии соҳа ба тағйирёбии иқлим, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва маҳсулнокӣ, инчунин таъмини занҷираи истеҳсолӣ нақши калидӣ дорад. Зеро гузариш ба кишоварзии рақамӣ на танҳо самаранокии истеҳсолотро меафзояд, балки ба сатҳи молиявии хоҷагиҳо низ таъсири мусбат мерасонад. Он заминаи баланд бардоштани ҳосилнокӣ, ҳифзи захираҳои табиӣ ва таъмини амнияти озуқавории кишварро фароҳам меорад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар шароити ҷаҳонишавии иқтисодӣ ва ҷорӣ намудани истифодаи босуръати технологияҳои рақамиро дар тамоми бахшҳои иқтисодӣ пеш бурда, ҳадафи асосии он рушди иқтисодиёти рақобатпазир мебошад. Бо ин мақсад аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» далели равшани он мебошад.
Гузариш ба ин равандҳо бе омодасозии мутахассисони соҳавӣ, таҳкими дониш ва баланд бардоштани саводнокии рақамии деҳқонон ва мутахассисон имконнопазир аст. Айни замон, дар назди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили кадрҳои соҳаи кишоварзӣ» таъсис дода шуда, фаъолияташро дар татбиқи кишоварзии рақамӣ ва баланд бардоштани савияи дониши кишоварзон ба роҳ мондааст. Инчунин, дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон кафедраи рақамикунонӣ таъсис дода шуда, ташкили ихтисосҳо дар ин самт дар назар дошта шудааст, ки барои ташаккули нерӯ ва рушди иқтидори кадрӣ дар соҳа нақши муҳим мебозад.
Дар доираи амалишавии Барномаи рақамикунонии соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029 ва нақша чорабиниҳои барномаи мазкур, ташкили курсҳои омӯзишӣ, такмили ихтисос, дастгирии тадқиқот, инноватсия дар соҳаи агротехнология, инчунин таъсиси марказҳои илмӣ-амалӣ ва платформаҳои мубодилаи дониш пешбинӣ шудааст.
Дар доираи ҳамкорӣ бо Бонки Ҷаҳонӣ тариқи Лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” таъсиси низоми иттилоотии идоракунӣ, баҳисобгирӣ ва мониторинги кишоварзӣ - Системаи иттилоотии идоракунии кишоварзӣ (AMIS) оғоз ёфт. Татбиқи ин низом заминаи асосии «Кишоварзии ҳушманд» (Smart Agriculture) гардида, самтҳои зеринро фаро мегирад:
Ин низоми иттилоотии идоракунии кишоварзӣ - платформаи муосири рақамӣ буда, он барои ҷамъоварӣ, таҳлил ва идоракунии маълумотҳои соҳаи кишоварзӣ пешбинӣ гардидааст. Таъсиси ин низом қадами муҳим дар самти рақамикунонии соҳаи кишоварзӣ ва баланд бардоштани самаранокии идоракунии он ба ҳисоб меравад. Татбиқи технологияҳои рақамӣ ва таъсиси системаҳои электронии идоракунӣ заминаи муҳими рушди соҳаро фароҳам меорад. Дар ин замина, пойгоҳи ягонаи маълумоти кишоварзӣ, системаҳои электронии идоракунии замин, обёрӣ ва мониторинги маҳсулот таъсис дода мешаванд. Ҳамзамон, мубодилаи маълумот байни муассисаҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ таъмин мегардад.
Яке аз самтҳои муҳими рушд таъмини занҷири пурраи истеҳсолот тавассути татбиқи технологияҳои рақамӣ - аз парвариш то фурӯш - мебошад, ки метавонад иқтидори иқтисодиро ба таври назаррас афзоиш диҳад.
Барои ноил шудан ба ин ҳадафҳо, бартараф намудани мушкилоти зерин зарур аст:
Айни замон дар асоси барномаҳои қабулгардида, таваҷҷуҳи зиёд ба рафъи мушкилоти мавҷуда, аз ҷумла бунёд ва азнавсозии инфрасохторҳо равона гардида, заминаи асосии татбиқи кишоварзии инноватсионӣ ва рақамикунонӣ, инчунин имконияти мутобиқшавии соҳаи кишоварзиро ба шароити воқеӣ фароҳам меорад.
Хулоса дар маҷмӯъ, ин барномаҳо на танҳо ҳуҷҷатҳои стратегӣ, балки нақшаҳои амалии гузариш ба кишоварзии муосир ва устувор буда, татбиқи онҳо ба баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот, беҳтар гардидани идоракунии захираҳо, афзоиши имкониятҳои бозорӣ ва беҳтар шудани сатҳи иқтисодии кишоварзон мусоидат хоҳад кард. Пешбурди кишоварзии муосир дар Тоҷикистон имконият медиҳад, ки кишвар ба сатҳи нави рушди иқтисодӣ ва технологӣ барояд.
Кишоварзӣ яке аз рукнҳои муҳими иқтисодиёти ба ҳисоб меравад, ба яке аз мушкилоти асосӣ ва пешгӯинашаванда дар мисоли тағйирёбии иқлим рӯ ба рӯст. Маҳз барои пешгирӣ, мутобиқсозӣ ба тағйирёбии иқлим, баланд бардоштани ҳосилнокӣ, 272 маҳсулнокӣ ва рақобатпазирии маҳсулоти кишоварзӣ ба воситаи дониш ва малакаҳои рақамӣ, ҳамгироии дониш бо технологияҳои нав ва эҷоди муҳити инноватсионӣ барои рушди кишоварзӣ дар Тоҷикистон муҳим аст. Ин тадбирҳо метавонад кишоварзии рақамиро дар Тоҷикистон ба сатҳи ҷаҳонӣ расонад, самаранокии соҳаро баланд бардорад, таъмини амнияти озуқаворӣ ва ба устувории иқтисодиву иҷтимоии кишвар мусоидат намояд.
Тӯйчизода Лоиқ Абдуманнон – Сардори шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, унвонҷӯйи кафедраи иқтисодиёти КАС-и Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур