Барномаи давлатии рушди инноватсионии соҳаи пахтакорӣ барои солҳои 2026-2030 бо мақсади таъмини иҷрои банди 38-и Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16-уми декабри соли 2025 “Дар бораи самтҳои асосии…
Барномаи давлатии рушди инноватсионии соҳаи пахтакорӣ барои солҳои 2026-2030 бо мақсади таъмини иҷрои банди 38-и Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16-уми декабри соли 2025 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо дарназардошти нақши соҳаи пахтакорӣ дар таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор, истеҳсоли ашёи хом барои рушди саноати сабуку хӯрокворӣ ва афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулот ва ҷорӣ намудани механизми таъмини рушди устувори соҳаи пахтакорӣ таҳия карда шуда, санаи 30 июни соли равон дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.
Мавриди зикр аст, ки соҳаи кишоварзӣ зери таваҷҷуҳ ва ғамхории ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дастгирии навбати барои рушди соҳа ва кишоварзон равона карда шудааст.
Мавриди зикр аст, ки кишоварзӣ яке аз соҳаҳои калидии иқтисоди миллӣ ба ҳисоб рафта барои таъмини аҳолӣ бо озуқа ва саноат бо ашёи хом нақши бориз дорад. Дар даҳсолаи охир саҳми кишоварзӣ ба ҳисоби миёна 7,5 фоиз афзоиш намуда рушди он дар соли 2025-ум ба 8,5 фоиз расида сатҳи ҳифзи фаъолияти озуқаворӣ аз 60 фоизи соли 2015 то ба 85 фоиз дар соли 2025 зиёд гардида, фаровонии бозори истеъмолӣ ва талаботи корхонаҳои саноатӣ бо ашё таъмин карда шуд. Новобаста аз пешравиҳо дар соҳаи кишоварзӣ ҳанӯз ҳам имкониятҳои истифоданашуда оид ба зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мавҷуд буда, дар сурати ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионии кишту парвариши зироатҳо ва рақамикунонии истеҳсолот рушди минбаъдаи соҳаҳои кишоварзиро таъмин карда мешавад.
Аз ҷумла, соҳаи пахтакорӣ яке аз бахшҳои муҳими комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар таъмини шуғли аҳолии деҳот, рушди иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар нақши муҳим дорад. Пахтакорӣ қариб 20 фоизи аҳолии қобили меҳнатро дар мамлакат бо ҷойи кор таъмин намуда, манбаи муҳими ашёи хоми саноати бофандагӣ ба ҳисоб меравад.
Барномаи давлатии рушди инноватсионии соҳаи пахтакорӣ барои солҳои 2026-2030 ба ҳалли мушкилоти мавҷуда ва фароҳам овардани заминаи мусоид барои рушди минбаъдаи соҳаи пахтакорӣ равона гардида, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ, истифодаи техника ва мошинолотҳои муосири кишоварзӣ дар кишт, парвариш ва ҷамъоварии пахта бо механикунонии равандҳои истеҳсолӣ, истифодаи технологияи муҳандисии генӣ ва таҳрири генноми барои офаридани навъҳои пахта, ба роҳ мондани парвариши навъҳои пахтаи ватанию хориҷии ба тағйирёбии иқлим мутобиқшуда, таҳкими ҳамкории илм бо истеҳсолкунандагон ва татбиқи натиҷаҳои тадқиқоти илмӣ дар истеҳсолот ва баланд бардоштани иқтидори кадрии соҳа равона гардидааст.
Маркази матбуоти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон