Дар масири таърихи навини миллати тоҷик ба даст овардани Ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот амали барҷаста, таърихӣ ва бе мислу монанд ба ҳисоб рафта, он имрӯзҳо ҳамчун намунаи ибрат ва боиси таҷрибаандӯзии сиёсатмадорони намоён, истифодабарӣ барои ба эътидол овардани муносибатҳои давлатҳо, инчунин мавриди таҳқиқоту пажуҳиши олимону институтҳои байналмилалӣ қарор гирифта дар Донишгоҳҳои олии намоёни сатҳи байналмилалӣ омӯзиш менамоянд.
Исботи қавии гуфтаҳои болозикр ин аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирии якдилона ёфтани ташаббуси навбатии сатҳи ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони “Даҳсолаи байналмилалӣ ва таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036” мебошад. Қабул гардидани ин ҳуҷҷати муҳташаму таърихӣ ва иттиҳодкунандаи давлату миллатҳо бори дигар собит месозад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ давлати сулҳофару сулҳҷӯй ва дорои маданияту фарҳанги баланди ваҳдатсолорӣ мебошад. Ҷоиз ба қайд аст, ки руйдоди навбатии таърихӣ, ки дар пасманзари он Ватани азизамон Тоҷикистон меистад боиси ифтихори ҳар яки мо ва тамоми миллати тоҷик мебошад.
Воқеъан, ба даст овардани Ваҳдати комили миллати тоҷик дар натиҷаи корнамоиҳои барҷаста, бедорхобӣ, шуҷоатнокӣ, далерӣ ва донишу заковати волои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омад. Пешвои миллат шахсияти таърихӣ мебошад, қобилияти нодири сохторофаринӣ, фидокорӣ ва миллатдустдории ӯ ифтихори абадии миллати тоҷик гардидаст. Ӯ бо таъмин намудани Ваҳдату ягонагӣ халқро аз парокандагӣ, миллатро аз нестшавӣ ва давлатро аз завол наҷот дод.
Хизматҳои шоёни Пешвои маҳбуби тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масири сулҳофарӣ ва ваҳдату ягонагӣ дар дилу дидаи на танҳо миллати тоҷик балки иқдоми ваҳдатсолории ӯ ба мардуми кураи замин шинос аст.
Дар ин радиф месазад, ки аз суханҳои сиёсатмадорони давлатҳо оид ба заҳматҳои нотакрори Пешвои миллат бо ифтихор қайд намоем:
Президенти Федератсияи Россия, Путин Владимир Владимирович иброз менамояд: “Эмомалӣ Раҳмон яке аз симоҳои барҷастаи ҷаҳонӣ буда, дар байни сиёсатмадорони Иттиҳоди давлатҳои мустақил мавқеи намоёнро ишғол мекунад. Ин беҳуда нест. Тамоми ҷидду ҷаҳди ӯ аз он шаҳодат медиҳад, ки дар Тоҷикистон раванди сулҳ тавре пойдор аст, ки назираш дар ҳеҷ мамлакате дида намешавад. Ҳар он чи оид ба ин масъала дар Тоҷикистон амалӣ гардидааст, мисоли хубест барои бисёр халқҳои мамолики дигар”.
Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин, Си Ҷинпин қайд менамояд, ки “Таҳти роҳбарии қатъии Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ваҳдати миллӣ, суботи иҷтимоӣ ва беҳбуди некуаҳволии мардумро ба даст оварда, роҳи муваффақонии тараққиётро пайдо кард, ки он бо вижагиҳои миллии худ мувофиқ буда, ҷониби Чин ба он баҳои баланд медиҳад”.
Собиқ Президенти Фаронса Жак Ширак иброз намуданд, ки “Мардуми Фаронса ҳеҷ гоҳ мавқеи устувори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ба фарҳанги ғанӣ ва бузурги сиёсиву маънавии халқи тоҷик такя мекунад, фаромӯш нахоҳад кард”.
Президенти Ҷумҳурии Беларус Александ Григоревич Лукашенко, бо самимият иброз намуд: “Сиёсати хирадмандонаи пешгирифтаи ин шахсият кишварро ҳифз намуд, сулҳу оромиро ба сарзамин овард. Ва ба ин на танҳо шумо арҷ мегузоред, мо ҳама дар ИДМ ба ин кори наҷиб арҷ мегузорем”.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Миромонович Мирзиёев, бо эҳтироми хоса қайд менамоянд, ки “Мо дар Ӯзбекистон Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун ходими намоёни давлатӣ ва роҳбари таҷрибадоре, ки худро саропо ба хидмати халқу кишвараш бахшидааст мешиносем. Тоҷикистон зери роҳбарии хирадмандонаи ӯ дар бунёди давлатдорӣ ва сохти иҷтимоӣ ба муваффақиятҳои калон ноил гардид. Сатҳ ва сифати зиндагии мардум ба таври назаррас боло рафта, нуфузи кишвар дар арсаи байналмилалӣ пайваста таҳким меёбад”.
Боиси тазаккур аст, ки аҳамияти таърихии Ваҳдати миллӣ боис гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи навбатӣ, яъне рӯ ба сӯи рушду тараққиётро дар заминаи тарҳрезӣ ва амалӣ намудани Барномаҳои давлатӣ, Стратегияҳои муҳташам ва нақшаҳои ифодагари манфиатҳою арзишҳои миллӣ пеш гирифт. Ин аст, ки имрӯзҳо Тоҷикистон ба яке аз давлатҳои ташаббускор, эҳтироми хосадор дар арсаи байналмиллӣ ва рушдёфта мубаддал гардидааст. Рушду тараққиёти босуръати тамоми соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии миллӣ, хосатан кишоварзӣ дар замири илму истеҳсолоти муосир, эҳёи арзишҳои миллӣ ва хештаншиносию ҳувияти миллӣ аз татбиқи мантиқии Ваҳдати миллӣ манша мегирад.
Пешвои миллат аз рӯзҳои нахустини роҳбарӣ дастгирии соҳаи кишоварзӣ ва кишоварзонро зери таваҷҷуҳи хеш қарор дода, сиёсати давлатиро бар асоси таҳкими рушди соҳаҳои иҷтимоиёту иқтисодиёт дар асоси илм ва маорифи миллӣ устувор сохтанд. Дар ин радиф соҳаи кишоварзӣ бо дарназардошти васеъ гардидани шароити муосир ва созгор, имтиёзҳои соҳавӣ, дастгирии давлатӣ, инчунин танинандозии сулҳу субот ва оромӣ роҳи сифатан нав ва муосирро пеш гирифт.
Мусаллам аст, ки истеҳсолоти кишоварзӣ шуғли пурмаҳсул ва натиҷабахши шакли фаъолияти инсон мебошад, ки ҳадафи он асосан таъмини инсоният бо ғизои босифат мебошад.
Дар тӯли Истиқлолияти давлатӣ соҳаи истеҳсолоти кишоварзӣ дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушду тараққиёт ёфта, ба марҳилаи сифатан нави рушд ворид гардид. Дар натиҷаи татбиқи пайвастаи барномаҳои давлатӣ нишондиҳандаҳо ба таври назаррас беҳтар гардиданд.
Маҳз ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати тоҷик рӯ ба эҳёи тамаддуни таърихӣ ва ташаккули маърифати зеҳнии насли ояндасози хеш оварда, таваҷҷуҳи бештар ба таърихи ниёгон ва тамаддуни миллат зоҳир намуда истодааст.
Мардуми тоҷик аз дастовардҳои даврони Истиқлоли давлатӣ ва пояндагии Ваҳдату ягонагӣ, инчунин амну амният руҳу илҳоми тоза гирифта, тараққиёти тамоми қишрҳои ҷомеаро ба хубӣ ҳис намуда, иқтидори созандагию бунёдкории хешро то рафт рушд медиҳанд.
Дар ҳақиқат Тоҷикистон соҳиби арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, соҳибистиқлолу дунявӣ ва ҳуқуқбунёд мебошад. Шарофату нусрати Ваҳдати миллӣ ва осоишу суботи миллати тоҷик, инчунин амну амнияти Ватан боис гардид, ки тамоми соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ рушд ёбад, минбаъд боз бештар тақвият дошта бошад, дар сатҳи байналмилалӣ боз ҳам бештар эътироф гардад.
Мо аҳли истеҳсолотро зарур аст, ки ҷавобан ба таваҷҷуҳу ғамхориҳо ва дастгириҳои рӯзафзуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, фаъолияти истеҳсолию инноватсионӣ, мақсадноку самарабахш ва манфиатовар ба Ватану миллатро боз ҳам бештар ба роҳ монем.
Руйдоди таърихии навбатӣ: Қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони “Даҳсолаи байналмилалӣ ва таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036” -ро ба тамоми миллати тоҷик муборакбод менамоям.
Аҳмадзода Баҳромҷон Раҷаб - муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон